Зимистон омад: Ҳавошиносони тоҷик гуфтанд, моҳи аввали он чӣ гуна хоҳад буд?

Зимистон омад: Ҳавошиносони тоҷик гуфтанд, моҳи аввали он чӣ гуна хоҳад буд?
Обуҳавосанҷони тоҷик ҳавои моҳи аввали зимистони соли ҷориро дар кишвар монанд ба соли 2013 медонанд.Ба иттилои Агентии ҳавосанҷӣ, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ- 1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, миқдори моҳонаи бориш дар ҳудуди меъёри иқлимӣ буда, дар баъзе минтақаҳо аз меъёр кам ва дар баъзе зиёд пешгӯӣ мешавад.Ҳамин тариқ, дар ин муддат, ҳаво дар водиҳо шабона аз 2+7 то -2+3 дараҷа гарм, рӯзона дар ҳудуди 4+9 ва баъзан то 17 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳои вилоят шабона 1 ва рӯзона то 6 дараҷа гарм мешавад.Дар охири моҳ пастшавии назарраси ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона -2+3, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона -3+2 гарм мешавад.
Дар Суғд бошад, ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа пасттар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо +2 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 1-5 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад.Дар охири моҳ пастшавии назарраси ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона -2+3 дараҷа хунукӣ, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан тормеғ мефарояд.
Тавзеҳ дода шуд, ки дар минтақаҳои кӯҳии НТМ ва ғарби ВМКБ ҳарорат як дараҷа пасттар шуда, давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво аз эҳтимол дур набуда, пастшавии назарраси ҳарорати ҳаво дар охири моҳ пешгӯӣ шуда, шабона аз 2-7 то 6-11 ва дар баъзе ноҳияҳо то 14-16 дараҷа хунук, рӯзона аз -2+3 то 2-7 дараҷа хунук мешавад.Миқдори моҳонаи боришот дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд.Дар шарқи ВМКБ 14-16 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ шуда, сардӣ дар мавзеи Булункӯл то 20 дараҷа мерасад.Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ шуда, рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол ва тормеғ пешгӯӣ мешавад.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий