Роҳ ба Давҳа боз шуд, Риёз дар навбат: Хатсайри нави “Сомон Эйр”
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳои мунтазамро аз Душанбе ба пойтахти Қатар — шаҳри Давҳа шурӯъ менамояд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ширкати ҳавоӣ.Парвози аввалин дар хатсайри нав санаи 28-уми ноябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.Манбаъ қайд кардааст, ки парвозҳо ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе иҷро мешаванд."Вақти парвоз аз Душанбе 09:00, аз Давҳа — 12:20 муқаррар шудааст. Давомнокии парвоз дар хатсайри Душанбе — Давҳа 3 соату 50 дақиқа, аз Давҳа самти Душанбе 3 соату 40 дақиқаро ташкил медиҳад. Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 анҷом дода мешаванд«, — хабар додааст дафтари матбюуоти ширкати „Сомон Эйр“.
Парвозҳо аз Душанбе ба фурудгоҳи байналмилалии Ҳамад, иҷро карда мешаванд.Қайд карда шудааст, ки хатсайри мазкур ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо такон бахшида, ҳамкориҳои фарҳангӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва сайёҳиро таҳким хоҳад дод.Ба гуфтаи Абдулқосим Валиев, мудири кулли ширкати ҳавопаймоии „Сомон Эйр“ парвоз дар соли таҷлили 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Давлати Қатар роҳандозӣ шудааст.Вай изҳори умедворӣ кард, ки парвозҳои мустақим барои афзоиши гардишгарии байни давлатҳо ва рушди сайёҳӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.
»Алҳол миёни Тоҷикистон ва Давлати Қатар барои шаҳрвандони ду кишвар низоми бераводид амал менамояд ва умедворем, Давҳа барои дӯстдорони сайру саёҳат бозёфти воқеӣ хоҳад буд«, — гуфт ӯ.Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ изҳори умед карда шуд, ки хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Риёз-Душанбе низ роҳандозӣ шуда, дар ин замина сафари сайёҳони саудӣ ба Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт.Ширкати ҳавопаймоии „Сомон Эйр“ дар бозори байналмилалии интиқолоти ҳавоӣ аз соли 2008 фаъолият менамояд ва узви комилҳуқуқи Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад.Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 иборат аст. Айни замон ин ширкат парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Покистон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон анҷом медиҳад.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)