Дар Туркманистон 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид

Дар Туркманистон 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
​Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода таъкид намуд, ки Конститутсияе, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, дар ҳақиқат бахтномаи миллат ва гувоҳномаи давлати озод аст.

Гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон ва ба  заминаи ҳуқуқии бунёдии давлати озоди тоҷикон ва шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ табдил додани Конститутсия саҳми беназир доранд.

30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони озод неруи тоза мебахшад.

Сарчама: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий