“Адрасмон” сармоягузор меҷӯяд

“Адрасмон” сармоягузор меҷӯяд
Ин ширкат аз соли 2013 ба ин сӯ аз фаъолият бозмондааст.Собирҷон Мамадҷонов, раиси ширкат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, барои афзоиши зарфияти корхона, лозим аст то шахтаи № 12, ки ниёз ба бозсозӣ дорад, таҷдид шавад."Проектро яке аз институтҳои «Узгеология» — и Ӯзбекистон омода кардааст. Назар ба плани тиҷоратие, ки тарҳ шудааст, барои эҳёи муҷаддад, навсозӣ ва афзоиши зарфияти маъдан тавлид бояд то як миллион тон дар сол ва болотар аз он афзойиш ёбад, дар акси ҳол, даромад нахоҳад овард«, — гуфт Собирҷон Мамадҷонов.
Вай афзуд, назар ба муҳосибот ба 100 миллион доллар сармоя ниёз аст, то зарфияти корхона баланд бурда шавад ва истихроҷу коркарди санги маъдан ба як миллион тон дар сол бирасад."Баъд аз кори тармиму таҷдид корхона қодир ба тавлиди давомдор то 600 ҳазор тон санги маъдани сурбу нуқра дар сол хоҳад буд. Аммо ба хотири даромаднок кардани он зарур аст, ки дар наздикии захирагоҳи Кони Мансури Шарқӣ як корхонаи ҷадиди коркард эъмор гардад«, — гуфт раиси ширкат „Адрасмон“.
»Адрасмон« яке аз корхонаҳои муҳимми саноатии Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ буд, ки бо зарфияти 650 ҳазор тон сохта шуда, аммо тавлиди он дар соли 2012 ба 300 ҳазор тон коҳиш ёфт ва фаъолияти худро қатъ кард. Теъдоди кормандонаш низ аз 680 нафар ба 73 нафар, он ҳам асосан кормандони ғайрисаноатӣ, поён омад.Ин корхона ба истихроҷу коркарди сангҳои мису бисмут ва сурбу нуқра ихтисос дорад. Бино ба иттилои раҳбари корхона, захоири майдони Кони Мансури Шарқӣ ба бештар аз 32 миллион тон ва дар Кони Мансури Ғарбӣ 1.5 миллион тон мерасад.Ширкати „Адрасмон“ дар шаҳраки ҳамноми ноҳияи Ашти вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир буда, майдони истихроҷи маъдани он 153 гектарро ташкил мекунад.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий