Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия гуфт, Тоҷикистон аз вазъи санҷишҳои муҳоҷирон дар Русия, ки дар ҷараёни онҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ поймол мешаванд, нигарон аст. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамин ҳол, Русия шумораи ҷалби муҳоҷирони кориро аз Тоҷикистон зиёд мекунад.
«Мо аз тамоили густурдаи поймол кардани ҳуқуқ ва озодиҳои асосии шаҳрвандони мо ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо барои танзими раванди муҳоҷират дар Русия нигаронем. Ҳолатҳои роҳ надодан, манъи вуруд ва ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон бо ишораи норавшани „таъмини амният“ афзоиш меёбанд», — зикр кард ӯ.Сарвазири Тоҷикистон зикр кард, ки ҳолатҳои роҳ надодан, манъи вуруд ва ихроҷи шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо баҳонаи «таъмини амният» ба қайд гирифта шудаанд.
Ӯ таъкид кард, ки дар марз одамон метавонанд «соатҳо ва ҳатто рӯзҳо» нигоҳ дошта шаванд ва ин мушкилот натанҳо ба шахсони одӣ, балки ба аъзои ҳайатҳои расмӣ, донишҷӯён, пиронсолон ва кӯдакон низ дахл дорад.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сарвазири ҷумҳурӣ, талабот ба қувваи корӣ аз Тоҷикистон аз ҷониби корфармоёни рус зиёд мешавад.
14:00 4 октябр"Ба ихроҷ омода шавед«. Дар Русия амалиёти „Нелегал-2024“ мегузарадӮ даъват кард, ки ба ҳалли воқеан муассири масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират гузаштан лозим аст, то ки дар ин масъала байни кишварҳо ҳамдигарфаҳмӣ ҳосил шавад.
Муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин, ки дар ин вохӯрӣ ширкат дошт, изҳор намуд, ки Русия ва Тоҷикистон барои назорати раванди муҳоҷират бояд гурӯҳи корӣ ташкил кунанд.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз таъсиси ин гурӯҳ ва тағйир додани қонунгузории муҳоҷирати Русия, дигар муҳоҷирати ғайриқонунӣ нахоҳад буд.
Ҳоло дар Думаи давлатӣ якчанд лоиҳаи қонунҳо, ки ба танзими сиёсати муҳоҷират равона шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доранд.
»Комилан бояд дарк намуд, ки дар кишвари мо дигар муҳоҷирати ғайриқонунӣ намешавад. Яъне мо ин равандро ба тартиб меорем, захираҳои кориро назорат мекунем, ба мо қувваи корӣ лозим аст, лекин ин кор комилан қонунӣ сурат хоҳад гирифт«, — зикр кард ӯ.Ба гуфтаи ӯ, оид ба ин масъала гурӯҳи кории алоҳида таъсис додан зарур аст, „то ки тамоми амалҳои марбут ба таъмини амнияти ҳар ду кишвар ба нақша гирифта шаванд ва мо бидонем, ки кӣ меояд, чӣ гуна меояд ва чӣ тавр мо метавонем кумак расонем“.
»Қонунгузории Русия хеле ҷиддӣ тағйир меёбад, бинобар ин зарур аст, ки дар сатҳи васеъ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташкилӣ гузаронида шаванд, то мубодилаи маълумот дуруст ба роҳ монда шуда, мо дақиқ дарк кунем, ки минбаъд чӣ гуна амал хоҳем кард«.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)