Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки дар раванди ташаккул ва густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафарҳои расмӣ ва кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин давлат нақши калидӣ ва таъсиргузор доранд.

Робитаҳои қавии ҷонибҳо аз пайвандҳои маънавию таърихии ду мардуми бародар аз муносибатҳои бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд- шоҳи Арабистони Саудӣ маншаъ мегиранд.

Иброз гардид, ки имрӯз имконият фароҳам гардидааст, то сатҳи сифатан нави ҳамкорӣ таъмин шавад. Тамоми воситаҳоро барои таҳкими ҳамкорӣ бо назардошти манфиатҳои миллии ду давлати бародар бояд истифода намуд.

Дар Маҷлиси намояндагон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ босамар фаъолият дорад.

Ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ яке аз абзори муҳими муносибатҳои ду давлат маҳсуб мешавад.

Дар ҷараёни суҳбат инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷчуҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.
  
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий