Тоҷикистону Арабистони Саудӣ раводидро барои дорандагони ду намуди шиноснома бекор мекунанд

Тоҷикистону Арабистони Саудӣ раводидро барои дорандагони ду намуди шиноснома бекор мекунанд
Тоҷикистону Арабистони Саудӣ барои бекор кардани раводид ё виза ба дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ ёддошти тафоҳум имзо кардаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷаи кишвар иттилоъ медиҳад.

Манбаъ менависад, ки ҳуҷҷатро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд, вазири корҳои хориҷаи Арабистони Саудӣ рӯзи 27-уми сентябр дар ҳошияи иҷлоси 79-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк имзо кардаанд.

ВКХ Тоҷикистон
Ҷонибҳо ҳамчунин, «як қатор мавзуъҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла масъалаҳои амнияти минтақавӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва обу иқлимро матраҳ карданд».

Ҷузъиёти ин санад ҳоло маълум нест. Ҳамчунин номаълум аст, ки кай дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ ба кишварҳои якдигар метавонанд бидуни раводид сафар кунанд.Бояд гуфт, ки ин тасмим ба дорандагони шиносномаи одии хориҷӣ дахл намекунад.
 
Шиносномаи дипломатӣ ва хидматӣ ба киҳо дода мешавад?Тибқи иттилои ВКХ Тоҷикистон шиносномаи дипломатӣ, ба раисҷумҳур ва аъзои оилаи ӯ, раисони ҳарду палатаи парлумон, раисони суди олӣ ва конститутсионӣ, сарвазир ва муовинони ӯ, роҳбари дастгоҳи президент ва муовинони ӯ, ёрдамчиёни раисҷумҳур, вазирон ва муовинони онҳо, раисони кумитаҳои давлатӣ ва муовинони онҳо, додситони кул ва муовинони ӯ, роҳбарони идораҳои назди ҳукумати Тоҷикистон, раисони Суғду Хатлон ва ВМКБ, раиси шаҳри Душанбе, сафирон ва оилаи онҳо, дипломатҳо ва кормандони дастгоҳи марказии ВКХ ва ғайра дода мешавад.

10:00 14 август

Аз А то Я-и сафари бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эрон

Шиносномаи хидматӣ ба муовинони роҳбарони мақомоту идораҳои назди президент ва ҳукумати Тоҷикистон, муовини котиби матбуотӣ-сардори хадамоти матбуоти президент, сармутахассисон ва мутахассисони пешбари бахши ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, ректорони донишгоҳу донишкадаҳо, генералҳои дар хизмат қарордошта, раиси Федератсияи иттифоқҳои касаба ва ғайра дода мешавад.

Аксари шаҳрвандони Тоҷиукистон барои маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ мераванд.

Қаблан, ВКХ Тоҷикистон хабар дод, ки шурӯъ аз 14-уми октябри соли равон дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ метавонанд, ки бидуни раводид ба Италия ва баръакс сафар кунанд.

Созишнома дар ин бора рӯзи 23-юми апрели соли ҷорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Италия зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Италия байни вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ба имзо расида буд. 

Акнун, шурӯъ аз 14-уми октябр дорандагони шиносномаи дипломатӣ ба муддати 90 рӯз дар давоми 180 рӯз ба кишварҳои ҳамдигар сафар карда метавонанд.

Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий