Нархи чипта 900 сомонӣ. Парвози ҳавопаймо ба Хоруғ дигарбора барқарор шуд

Нархи чипта 900 сомонӣ. Парвози ҳавопаймо ба Хоруғ дигарбора барқарор шуд
шуд. Нахустин, парвоз рӯзи душанбе, 30-юми сентябр сурат мегирад. Дар ин бора Парвиз Шодмонзода, раиси ширкати ҳавопаймоии  «Тоҷик Эйр» ба «Азия-Плюс» хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, фурӯши чиптаҳо аз Душанбе ба Хоруғ аз имрӯз, 27-уми сентябр оғоз гардида, нархи он 900 сомонӣ аст. Чиптаҳоро метавон аз нуқтаҳои фурӯши чиптаҳои «Тоҷик Эйр», ки дар бинои ин ширкат (кӯчаи Мирзо Мастонгулов 32/1) ҷойгир аст, дастрас кард.
 
Парвоз тавассути ҳавопаймои АН-28, ки имкони ғунҷоиши 17 нафарро дорад, сурат мегирад. Ин ҳавпаймо моли «Тоҷик Эйр» аст ва қаблан ҳам ба Хоруғ парвоз мекард. Он баъди таъмир дубора парвозро оғоз мекунад. Гуфта мешавад, ки ҳавопаймо дар як ҳафта се маротиба рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва ҷумъа парвоз мекунад.

Ба иттилои Шодмонзода, парвоз аз Душанбе соати 8:00 сурат мегирад ва 1 соату 10 дақиқа давом мекунад. Пас аз расидани ҳавопаймо ба Хоруғ соати 10:00 дигарбора ба Душанбе бармегардад.

Аз «Тоҷик Эйр» гуфтанд, парвоз ба ин масир аз вазъи ҳаво вобаста аст.

14:38 31 январ

Хатсайри Душанбе-Хоруғ роҳандозӣ намешавад, зеро ширкати давлатӣ ҳавопаймо надорад

«Дар сурати хуб набудани боду ҳаво парвоз сурат намегирад ва аз ин ҳолат „Тоҷик Эйр“ мусофиронро хабар хоҳад кард», — гуфт роҳбари ин ширкат.

Дирӯз, 26-уми сентябр ҳавопаймои АН-28 баъди таъмир дар Душанбе як парвози санҷишии бомувафақона анҷом додааст.
Алоқаи ҳавоӣ байни Душанбе ва Хоруғ аз аввали моҳи октябри соли 2017 мутаваққиф шуда буд. То он дам парвозҳо ба Хоруғ тариқи ягона ҳавопаймои АН-28, ки бо иҷозатномаи парвоз дар ихтиёри «Тоҷик Эйр» қарор дошт, анҷом дода мешуданд.

Мақомоти Тоҷикистон пештар изҳор дошта буданд, ки монеаи асосӣ барои барқарор намудани парвозҳо миёни Душанбе ва Хоруғ набудани ҳавопаймоҳои мувофиқ барои минтақаҳои кӯҳӣ мебошад.

Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Ҳабибулло Назарзода 24 июл дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки парвозҳо ба Хоруғро «Тоҷик Эйр» иҷро мекард, аммо ҳавопаймоҳои он, аз ҷумла ду АН-28, дар ҳолати ғайрикорӣ қарор доранд.

Пештар муаррифии ҳавопаймои чехии L410 NG баргузор шуда буд, аммо Назарзода гуфта буд, ки хусусиятҳои он иҷозати иҷрои парвозҳои мунтазам дар ин масирро намедиҳад. Ӯ ҳамчунин зикр карда буд, ки дигар вариантҳои алтернативӣ барои харидории ҳавопаймои мувофиқ баррасӣ мешаванд.

Пойтахтро бо ВМКБ шоҳроҳе мепайвандад, ки дар қисми зиёди он дар ҳолати бад қарор дорад. Сокинон аз Хоруғ то Душанбе ва баръакс бо мошин дар 14-16 соат мерасанд.

Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий