асани Саъдидӣ аз Эрон: «Шаҳри Душанбе гавҳари арзишманд дар қалби Осиёи Марказӣ аст»
"Аз кӯҳистони сарбафалаккашида то шаҳрҳои таърихияш — ҳар гӯшаи ин сарзамин достоне барои навиштан аст. Тоҷикистон ва Эрон решаҳои фарҳангӣ ва таърихии амиқ доранд, ки моро бо ҳам пайванд мекунанд«, — гуфт ӯ.
Ба андешаи Ҳасани Саъдидӣ, шаҳри Душанбе — ин гавҳари арзишманд дар қалби Осиёи Марказӣ буда, дар чанд соли охир бо роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба яке аз маконҳои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ мубаддал гаштааст.
Мавсуф бобати дар сатҳи баланд баргузор гардидани аввалин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ба кори масъулони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон баҳои баланд дод.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ (27 сентябр) Намоишгоҳи якуми байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 (Dushanbe International Tourism Exhibition — DITE 2024) оғоз гардид, ки то 27 сентябр идома меёбад.
Ҳадафи асосии Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ ба шумор меравад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ „Ховар“
АКС: АМИТ „Ховар“
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)