Вобаста ба ҷалби бештари ҷавонписарони солим ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷамъомад доир гардид

Вобаста ба ҷалби бештари ҷавонписарони солим ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷамъомад доир гардид
Дар ҷамъомад Вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо доир ба дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар карда, даъвати баҳории соли равон ва дар маҷмуъ чорабиниҳои даъватии соли 2023-ро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дод.

Изҳор шуд, ки дар баробари комёбиву пешравиҳои назаррас ҳанӯз ҳам дар фаъолияти баъзе комиссияҳои даъватӣ камбудиҳо ба чашм мерасанд, ки ин боиси нигаронӣ мебошад.

Барои бартараф намудани ҳама гуна монеаву мушкилоти ҷойдошта супориш дода шуд, ки масъулини комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои сифатан хуб ташкил намудани чорабиниҳои даъватӣ, пеш аз ҳама, бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, аҳли ҷомеа ва мардум, ҷавонписарони синни даъватӣ, волидони онҳо, мақомоти вобастаи даъват ва дигар афроди некбини ҷомеаи имрӯза ҳамкориву ҳамоҳангиро ҳамаҷониба таҳким бахшида, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дигар чорабиниҳои ташвиқотиву тарғиботиро дар байни аҳолӣ ба таври густурда амалӣ намоянд.

Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз муроҷиати шаҳрвандон таъкид намуд, ки дар ҳама комиссариатҳои ҳарбӣ ба муроҷиати мардум, ки ба масъалаи даъват дар самти комиссариатҳои ҳарбӣ вобастагӣ доранд, диққати ҷиддӣ равона карда, дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда барои ҳалли мушкилоти шаҳрвандон сари вақт чора бинанд.

Тартиби бақайдгирии дурусти шаҳрвандон, омӯзиши шахсияти даъватшавандагон, ба талабот ҷавобгӯ гардонидани нуқтаҳои даъват, интихобу ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фиристодани ҷавонони солиму бардам ва болаёқат, пешгирии роҳҳои ғайриқонунии даъват, бо ҷалби қувваҳои эҳтиётӣ ташкил намудани ҷамъомаду машғулияти нақшавӣ, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дақиқ муайян кардани шумораи захираҳои сафарбарӣ, пешгирӣ намудани сатҳи содиршавии ҳама гуна қонуншиканиҳо, бахусус ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва диққати аввалиндараҷа равон кардан ба сатҳу сифати даъвати ҷавонписарон масъалаҳои муҳиму баррасишавандаи ҷамъомад буданд.

Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий