Дар Ашқобод Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода таъкид намуд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо давлати дорои мероси ғании фарҳангӣ ва анъанаҳои нотакрор, балки мамлакати босуръат рушдёбандае аст, ки барои шукуфоӣ ва субот саъй мекунад.
Таъкид гардид, ки мардуми Тоҷикистон давоми 33 сол бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи рушди иҷтимоӣ ва тараққиёти иқтисодиёт, мустаҳкам намудани сиёсати дохилӣ ва берунии мамлакат қадамҳои устувор ниҳодааст.
Зимни суханронӣ дастовардҳои дар замони истиқлолият ноилшуда ва саҳми босазои Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, бахусус мушкилоти обу иқлим ва дигар масъалаҳо таъкид гардид. Ҳамчунин доир ба густариши бемайлони муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Туркманистон ва дурнамои ояндадори он гуфта шуд.
Дар ҳошияи баргузории ҳамоиш намоишгоҳ ороста шуд, ки дар он имконияти сайёҳӣ, китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили либосҳои миллӣ, сӯзанӣ, чакандӯзӣ, намунаҳои ресандагиву бофандагӣ, мусаввараҳои миллӣ ва ашёи сангину чӯбини миллӣ, кордҳои миллӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шуданд.
Сарчашма: khovar.tj

Комментарии (0)