Тоҷикистон дар бозии дуюми Ҷоми ҷаҳони футзал ҳам шикаст хӯрд, аммо...
Дар доираи даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳони футзал мунтахаби Тоҷикистон бо қаҳрамони футзали ҷаҳон ва Аврупо тими миллии Пуртуғол (Португалия) рақобат кард.
Набарди дастаҳо дар варзишгоҳи «Ҳумо Арена"-и шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор гардида, бо натиҷаи 3 бар 2 ба фоидаи ҳамватанони Роналду анҷом ёфт. Ду голи футзалбозони тоҷикро Комрон Алиев ва Бахтиёр Солиев ба ҳадаф расонданд.
Сурат аз ТВ «Варзиш»
Пас аз сипарӣ шудани ду даври марҳилаи гурӯҳӣ то ҳанӯз Тоҷикистон имтиёзе ба даст наовардааст, аммо бо дарназардошти фарқияти голҳо аз Панама пешсаф буда, дар зинаи сеюми гурӯҳи «Е» ҷой гирифтааст.
Яъне бо вуҷуди нокомӣ дар ду бозӣ то ҳол тими миллии кишвар имкони баромадан аз гурӯҳро дорад. Барои ин миллипӯшони кишварро лозим аст, ки дар бозии охир муқобили Панама пирӯз шаванд ва ду дастаи дигари зинаҳои сеюми гурӯҳҳои дигар аз мо натиҷаи бадтаре ба даст биёранд. Зеро аз 6 гурӯҳ танҳо чаҳор дастаи зинаҳои сеюм имкони баромадан ба марҳилаи баъдиро доранд.
Намогирифт аз Википедия
Вохӯрии мунтахаби футзали кишвар бо Панама, ки дар даври дуюм дар баробари Марокаш бо ҳисоби 3 бар 6 бозиро бохт, рӯзи 22-юми сентябр доир мегардад.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон дар бозии аввали худ муқобили Марокаш бо натиҷаи 2 бар 4 ноком гардида буд.
Аксҳо аз ТВ½
Бояд гуфт, ки даҳумин мусобиқоти Ҷоми ҷаҳони футзал аз 14-уми сентябр то 6-уми октябри соли ҷорӣ дар се шаҳри Ӯзбекистон — Бухоро Тошканд ва Андиҷон баргузор мегардад.
08:30 17 сентябр
Тоҷикистон барои аввалин бор дар таърих дар ин мусобиқа иштирок мекунад. Тими миллии футзали кишвар баъди баромадан ба даври нимниҳоии Ҷоми Осиё ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифта буд.
Дар он мусобиқот шогирдони Пайрав Воҳидов бозии хуб нишон дода, то марҳилаи нимфиналӣ баромаданд, аммо дар ин марҳила аз Ӯзбекистон шикаст хӯрданд.
Сарчашма:asiaplustj.info
Набарди дастаҳо дар варзишгоҳи «Ҳумо Арена"-и шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор гардида, бо натиҷаи 3 бар 2 ба фоидаи ҳамватанони Роналду анҷом ёфт. Ду голи футзалбозони тоҷикро Комрон Алиев ва Бахтиёр Солиев ба ҳадаф расонданд.
Сурат аз ТВ «Варзиш»
Пас аз сипарӣ шудани ду даври марҳилаи гурӯҳӣ то ҳанӯз Тоҷикистон имтиёзе ба даст наовардааст, аммо бо дарназардошти фарқияти голҳо аз Панама пешсаф буда, дар зинаи сеюми гурӯҳи «Е» ҷой гирифтааст.
Яъне бо вуҷуди нокомӣ дар ду бозӣ то ҳол тими миллии кишвар имкони баромадан аз гурӯҳро дорад. Барои ин миллипӯшони кишварро лозим аст, ки дар бозии охир муқобили Панама пирӯз шаванд ва ду дастаи дигари зинаҳои сеюми гурӯҳҳои дигар аз мо натиҷаи бадтаре ба даст биёранд. Зеро аз 6 гурӯҳ танҳо чаҳор дастаи зинаҳои сеюм имкони баромадан ба марҳилаи баъдиро доранд.
Намогирифт аз Википедия
Вохӯрии мунтахаби футзали кишвар бо Панама, ки дар даври дуюм дар баробари Марокаш бо ҳисоби 3 бар 6 бозиро бохт, рӯзи 22-юми сентябр доир мегардад.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон дар бозии аввали худ муқобили Марокаш бо натиҷаи 2 бар 4 ноком гардида буд.
Бояд гуфт, ки даҳумин мусобиқоти Ҷоми ҷаҳони футзал аз 14-уми сентябр то 6-уми октябри соли ҷорӣ дар се шаҳри Ӯзбекистон — Бухоро Тошканд ва Андиҷон баргузор мегардад.
08:30 17 сентябр
Тоҷикистон Ҷоми ҷаҳони футзалро бо бохт оғоз кард
Дар асоси қуръакашии Ҷоми ҷаҳон-2024 дастаҳо ба шаш гурӯҳ, иборат аз чаҳор дастаӣ ҷудо карда шуданд. Мунтахабҳое, ки дар даври гурӯҳӣ зинаҳои аввал ва дуюмро соҳиб мешаванд ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини зинаҳои сеюм ба марҳилаи финалӣ роҳ меёбанд.Тоҷикистон барои аввалин бор дар таърих дар ин мусобиқа иштирок мекунад. Тими миллии футзали кишвар баъди баромадан ба даври нимниҳоии Ҷоми Осиё ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифта буд.
Дар он мусобиқот шогирдони Пайрав Воҳидов бозии хуб нишон дода, то марҳилаи нимфиналӣ баромаданд, аммо дар ин марҳила аз Ӯзбекистон шикаст хӯрданд.
Сарчашма:asiaplustj.info
Комментарии (0)