Саҳми таърихии тоҷикон дар ташаккули фарҳанг ва тамаддуни исломӣ. Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ оғоз гардид

Саҳми таърихии тоҷикон дар ташаккули фарҳанг ва тамаддуни исломӣ. Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ оғоз гардид
​Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони ҳамкории исломӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши олимон ва донишмандони тоҷик дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ» ба кор шуруъ намуд. Дар ҳамоиши байналмилалӣ намояндагони доимии ташкилоти байналмилалӣ, воқеъ дар Тоҷикистон, профессорону ходимони илмӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, Алҷазоир, Бангладеш, Бруней, Доруссалом, Ҷибути, Миср, Узбекистон, Туркманистон, Эрон, Туркия, Кувайт ва олимони донишмандони ватанӣ иштирок доранд.

Дар оғози конфронс гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи ҷудонопазири ҷаҳони мусулмонӣ буда, ба ғояҳо ва арзишҳои волои исломӣ, ки меҳвари онро инсонпарварӣ, адолат, илму маърифат, покиву нексириштӣ ва некпиндорӣ ташкил медиҳанд, арҷ мегузорад. Конфронси байналмилалӣ маҳз ба хотири гиромидошти он бузургоне доир мегардад, ки нури илму маърифатро дар пояи ақида ва андешаҳои ноби дини мубини ислом аз ҳавзаҳои илмиву фарҳангии минтақаҳои зархези Мовароуннаҳру Хуросон ба тамоми ҷаҳон интишор дода, башариятро аз зулмати ҷаҳолат раҳо бахшидаанд.

Воқеан ҳам мояи ифтихор аст, ки олими забардасти илми шариат Имом Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит маҳз аз байни мардуми илмпарвар ва тамаддунсолори тоҷик бархестааст. Ӯ дар байни имомон бо номи Имоми Аъзам шинохта мешавад ва садҳо миллион мусулмонон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз мазҳаби ӯ пайравӣ мекунанд. Дигар фарзанди номбардори сарзамини Мовароуннаҳр Имом Муҳаммад ибни Исмоил Ал-Бухорӣ мебошад, ки шоҳасари безаволи ӯ «Ал-ҷомеъ ас-саҳеҳ» муътамадтарин китоби мусулмонон пас аз Қуръони карим ба шумор меравад.



Зимни конфронс Фаррух Шарифзода таъкид кард, ки олимон ва абармардони Мовароннаҳру Хуросон на танҳо дар рушди илмҳои динӣ, аз қабили ақида, фиқҳ, тафсир ва ҳадис, балки дар ташаккул ва пешрафти илмҳои дунявӣ ва дақиқ, ба монанди тиб, ҳандаса, табиатшиносӣ, ситорашиносӣ, физика, химия ва ғайра амалҳои бузург анҷом додаанд ва дар раванди таҳкими пояҳои тамаддун ва фарҳанги ҷаҳони ислом нақши босазо гузоштанд. Аз ҷумлаи чунин шахсиятҳо Абуалӣ ибни Сино, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Берунӣ, Хоразмӣ ва садҳо дигаронро метавон номбар кард. Дар ҳофизаи таърихи тамаддуни исломӣ сабт шудааст, ки донишмандон бо решаҳои форсиву тоҷикӣ ҳатто дар рушди илмҳои марбут ба забони арабӣ, аз қабили савту наҳв, арӯз ва мантиқ низ пешрафта будаанд.

Тоҷикон ва ниёгони онҳо ҳазорсолаҳо ҳамчун мардуми донишпарвар, тамаддунофар ва фарҳангсолор арзи ҳастӣ карда, дар масири давлатдории худ ба илму маърифат низ авлавият медоданд. Яке аз давлатҳои муборак ва хушном дар таърихи исломӣ давлати Сомониён мебошад, ки аз замони таъсис то таназзул тамоми амирону вазирон ва давлатмардони он аз сиёсати маорифпарварона кор мегирифтанд. Маҳз дар парвати сиёсати илмпарваронаи ин давлат олимону донишмандони бузург пайдо шуданд, ки осори онҳо имрӯз дар ҷаҳон мондагор мебошад.


Бояд гуфт, имрӯз низ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳо ва суннатҳои волои исломӣ арҷ мегузорад. Ҳукумати мамлакат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади таъмини озодии виҷдон ва пайравӣ аз афкори дин корҳои назаррас ба иҷро расонид. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо давоми солҳои охир се маротиба Қуръони карим ва тарҷумаи он бо забони тоҷикӣ чоп шуда, ба мардуми мамлакат ба таври ройгон пешниҳод гардид, то ин китоби муқаддас барои пок нигоҳ доштани асолати дини мардум дар ҳар хонадон мавҷуд бошад.
Хотиррасон карда шуд, ки маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 бо иштироки олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё ба муносибати 1310-солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзуи «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир» баргузор шуд, ки дар ҳаёти маънавии мардуми тоҷик рӯйдоди муҳим гардид.

Ҳамчунин бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ, ба монанди Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абубакр Муҳаммади Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммад Ғаззолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, инчунин тарҷума ва нашри осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта, аз қабили «Тафсир"-и Табарӣ, «Саҳеҳ"-и Имом Бухорӣ, «Муқаддима"-и Ибни Қалбун ва асарҳои дигар мутафаккирони бузурги исломӣ далели он аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи арзишҳои исломӣ ва асолати динӣ устувор аст.

Конфронси байналмилалӣ оид ба «Нақши олимон ва донишмандони тоҷик дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ» ду рӯз идома ёфта, олимону мутафаккирони хориҷӣ дар мавзуъҳои «Туҳфат-ал-муъминин"-и Муҳаммад Муъмин Дайламӣ оид ба илми фарматсевтика», «Тоҷикистон ва ҷаҳони ислом», «Абдураҳмони Ҷомӣ ва нақши ӯ дар рушди улуми исломӣ ва арабшиносӣ», «Садриддин Айнӣ — нависандаи ҷаҳонӣ», «Нақши уламои тоҷик дар густариши фарҳанги исломӣ дар Ҳиндустон», «Тарҷума ва таҳқиқи осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Узбекистон» ва дигар мавзуъҳои муҳим вобаста ба таъсири зиёиёни тоҷик ба афкори исломӣ маъруза мекунанд.




Сарчашма:khovar.tj

Комментарии (0)

Оставить комментарий