Ҳамла бо корд ба муфтии Тоҷикистон дар назди масҷиди марказии Душанбе

Ҳамла бо корд ба муфтии Тоҷикистон дар назди масҷиди марказии Душанбе
Шоми дирӯз, 11 сентябр баъди намози аср як шахси ношинос дар назди масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба раиси уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳамла кардааст.

Ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, як нафар аз ҳиссиёти авбошӣ ба бадани муфтии Тоҷикистон Абдулқодирзода Саидмукаррам бо асбоби халандаю бурранда зада, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуд.

“Абдулқодирзода ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардошта, баъди ташхиси духтурон ба ҷойи зисташ гуселонида шуд”, - омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, ҳангоми андешидани чорабиниҳои оперативии мақомоти корҳои дохилӣ ҷинояткор саривақт дастгир карда шуд, вале ҳувияти ӯ ошкор карда намешавад.

ВКД менависад, ки бар зидди гумонбар парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Зимни суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ худи Саидмукаррам Абдулқодирзода изҳор доштааст, ки "ҷойи нигаронӣ нест, саломатиям хуб аст".
Саидмукаррам Абдулқодирзода 61-сола буда, аз моҳи октябри соли 2010 раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аст.

Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)

Оставить комментарий