Нашъаманд миёни занон дар Тоҷикистон зиёд ба назар мерасад
Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар кишвар шумори муътодони маводи мухаддир ё нашъамандони зан зиёд шудаанд.
Марвориди 23-сола (ном тағйир дода шудааст) пас аз се соли муътодӣ тасмим гирифт, ки дигар нашъа истифода набарад ва табобат кунад. Сабаб ин будааст, ки пайдо кардани маводи мухаддир барояш мушкил шуд.
Марворид дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ятим бузург шуда, ҳаёти носолим дошт ва ба ин роҳ рафт. "Нашъа доданд истеъмол кардем, баъд ба ин роҳ рафтем. Ин чиз танҳо барои чанд лаҳза худро ором кардан аст."
Ба иттилои Оҷонсии назорати маводи нашъаовар дар нимсолаи аввали соли равон сафи нашъамандон дар Тоҷикистон кам шудааст. Аммо ин ниҳод аз зиёд шудани шумори нашъамандон миёни занон хабар дод. Масъулини ин ниҳод зимни нишасти хабарӣ гуфтанд, феълан дар кишвар 109 зан ҳамчун нашъаманд сабт шудаанд. Шумораи онҳо танҳо дар нимаи аввали соли равон 6 кас зиёд шудааст.
Масъулини Вазорати тандурустӣ мегӯянд, Тоҷикистон дар самти пешгирӣ аз бемориҳои нашъамандӣ ва коҳиши оқибатҳои он дастовардҳои назаррас ба даст овардаааст.
Маҳмадраҳим Малахов, мудири Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ дар Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар кишвар се барномаи давлатӣ ва ду стратегия амалӣ шуд.
Созмонҳои ҷамъиятие, ки бо ин гуруҳ кор мекунанд, омилҳои дигарро ҳам мисол меоранд.
Пӯлод Ҷамолов, мудири ташкилоти ҷамъиятии “СПИН-ПЛЮС” мегӯяд, шояд мақомот то ҷое ҳақ бошад ва шумори нашъамандон коҳиш ёфтааст, аммо ин омилҳои гуногун дорад.
“Якум ин ки дар бозори Тоҷикистон дигар дастрас кардани маводи мухаддир хеле душвор шудааст. Аз ҷумла, ҳероин қариб, ки дар шаҳри Душанбе дастнорас аст, агар пайдо ҳам карда шавад, нархаш хеле баланд аст ва на ҳар кас имкони харидани онро дорад. Дигар сабаб ин аст, ки шояд шумори муроҷиаткунандаҳо ҳам ба Марказҳои наркологӣ, ки омор дар асоси он таҳия мешавад, коҳиш ёфтааст. Баъзе аз муътодон имкони муолиҷаро, ки дар ҳоли ҳозир дар кишвар пулакӣ аст, надоранд. Аз ин рӯ, муроҷиат намекунанд,»-шарҳ дод ин мутахассис.
Марводир, қаҳрамони гузориши мо, ки истифодаи маводи нашъадор ба саломативу зиндагиаш таъсир расонидааст, аз кардаи худ пушаймон аст.
Ӯ бо изҳори пушаймонӣ мегӯяд, агар ба ин роҳ намерафт, шояд ҳоло зиндагии хуб ва оилаи солим дошт.
Оҷонсии назорати маводи нашъаовар мегӯяд, феълан дар ҷумҳурӣ беш аз 4 ҳазор афроди гирифтор ба нашъамандиро сабт кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 117 нафар камтар аст. Синну соли онҳо аз 35 то 50-сола будааст. Ба бовари созмонҳои байнулмилалӣ, теъдоди муътодон ба маводи мухаддир нисбат ба рақамҳои расмӣ бештар аст.

Комментарии (0)