Мулоқоти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян кардани хатти марз
Мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ барои аломатгузории марзи ду кишвар аз 1 то 7-уми сентябр баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ки «дар доираи вохӯрии мазкур гурӯҳҳои кории топографӣ дар минтақаи боқимонадаи гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон корҳои муштараки саҳроиро гузарониданд».
Аммо мушаххас гуфта нашудааст, ки дар вохӯрӣ сари кадом минтақаҳои баҳснок гуфтугӯ сурат гирифта, чӣ пешниҳодҳое ироа шудааст.
Танҳо қайд шудааст, ки ҷонибҳо дар вохӯрии навбатӣ, ки дар Қирғизистон баргузор мегардад, корро ҷиҳати тавсифи минтақаҳои боқимонда идома медиҳанд.
Акс аз АМИТ «Ховар»
Ёдрас мешаваем, ки чанд рӯз қабл Садир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон бори дигар оид ба «марҳилаи ниҳоӣ"-и баҳси марзӣ байни ду кишвар гуфт, аммо санаи мушаххасеро зикр накард.
Бояд гуфт, тайи чанд моҳи ахир мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон барои тавофуқ дар бораи марзи давлатӣ музокироти фаъол доранд. Қабл аз ин дар моҳи август ҷонибҳо ду маротиба сари мизи музокира нишаста буданд. Аммо ҷузъиёти музокирот ошкор намешавад.
Ёдовар мешавем, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.
Сарчашма: asiaplustj.info

Комментарии (0)