Касри тавозуни савдои Тоҷикистон боз афзоиш ёфта ба 2 млрд 425 млн доллар рарсид

Касри тавозуни савдои Тоҷикистон боз афзоиш ёфта ба 2 млрд 425 млн доллар рарсид
Касри тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ — июни соли равон 2 миллиарду 425 миллион долларро ташкил додааст, хабар додааст Хадамоти гумруки кишвар."Тавозуни савдои хориҷӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 2 миллиарду 425 миллион долларро ташкил дод. Дар ҳамин ҳол, дар ҳамин давраи соли гузашта касри гардиши мол 2 миллиарду 60 миллион долларро ташкил дода буд. Табодули коло дар моҳҳои январ-июни соли равон қариб 4,42 миллиард долларро ташкил дод«, — омадааст дар хабар.Содироти маҳсулот аз Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 53% афзоиш ёфта, ҳудуди 996,2 миллион долларро ташкил додааст.Воридоти мол ба кишвар беш аз 3,42 миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба моҳҳои январ-июни соли гузашта 26% афзоиш ёфтааст.
Ҳиссаи содирот дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ аз 19% дар нимсолаи аввали соли 2023 то 23% дар моҳҳои январ-июни соли 2024 афзоиш ёфт.Ҳиссаи воридот дар хаҷми умумии муомилоти савдои хориҷии ҷумҳурӣ мувофикан аз 88% ба 77% коҳиш ёфт.


САРЧАШМА:​sputnik​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий