Бозгашти Тоҷикистон ба “ҳалқаи энержӣ”: Аз низоми воҳиди энержӣ чӣ суд?

Бозгашти Тоҷикистон ба “ҳалқаи энержӣ”: Аз низоми воҳиди энержӣ чӣ суд?
Замони анҷоми пайвастшавии Тоҷикистон ба низоми ягонаи энержии Осиёи Марказӣ дақиқ нест, аммо гуфта мешавад, ба ҳамин наздикӣ сурат хоҳад гирифт.Манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз вазорати энерживу оби Тоҷикистон ва «Барқи тоҷик» дар ин маврид суҳбати равшане накарданд, аммо манобеъи наздик ба пружа гуфтанд, ки бо 35 млн доллари Бонки осиёии рушд анҷом мешавад, то охири моҳи май ва дери дер то охири моҳи июн ин барнома ниҳоӣ хоҳад шуд."Ҳеҷ мавзуъи сиёсӣ ва ҳатто молиявӣ дар миён нест, танҳо корҳои техникӣ дар ҷараёнанд, ки дар ҳоли такмил шудан ҳастанд«, — гуфт манбаъ.
Қаблан вазири энержии Ӯзбекистон, Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов, дар як ҳамоиши энержӣ дар Тошканд эълон карда буд, ки Тоҷикистон дар моҳи май ба Низоми ягонаи энержии Осиёи Марказӣ ҳамроҳ хоҳад шуд.Манобеи Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, ин мавзуъ ҳангоми сафари Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки моҳи апрели соли равон сурат гирифт, ҳалли ниҳоии худро пайдо кардааст.

»Куҳнаи хуб фаромӯшшуда«

Низоми ягонаи энержии Осиёи Марказӣ як падидаи ҷадид нест, балки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ дар авоили даҳаи 1960 ба вуҷуд омада, як низоми барқи ба ҳам пайваста аст, ки ба „ҳалқаи энержӣ“ низ шинохта мешавад ва дар гузашта қаламрави чаҳор давлат — Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва панҷ вилояти ҳамсояи ҷануби Қазоқистонро дарбар мегирифт.Ин низом шуруъ аз солҳои 1970 тавассути Маркази ҳамоҳангӣ ва эъзом дар Тошканд мудирият мешуд ва таодули тағйирёбии фаслӣ дар тақозои барқу ниёзи обро дар тӯли давраи обёрӣ мумкин мекард.
Дар замони Шӯравӣ як низоми муассири таъмини барқу об миёни, ба истилоҳ, „кишварҳои болооб“ — Тоҷикистону Қирғизистон ва „кишварҳои поёноб“ — Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон вуҷуд дошт.Дар замистон, Тоҷикистону Қирғизистон обро дар обанборҳо захира мекарданд ва барқу манобеъи энержӣ (ангишт ва газ табиӣ)-ро аз Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон ба даст меоварданд.Дар тобистон, Тоҷикистону Қирғизистон оби анбошташуда дар зимистонро барои тавлиди барқ ва обёрии заминҳои кишоварзии ҳамсоягони минтақаии худ ирсол мекарданд ва нерӯгоҳҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон „дам мегирифтанд“.
Туркманистон дар соли 2003 ба ибтикор худ аз „ҳалқаи энержӣ“ хориҷ шуд ва гуфта мешуд, ки бозори фурӯшашро дар низоми энержии Эрон пайдо кард.Ӯзбекистон соли 2009 пас аз иттифоқ афтодани қатъи саросарии барқ дар кишвар аз ин низом берун омад ва Тоҷикистон низ ба дунболи он низоми ягонаро тарк гуфт. Бо гузашти қариб як даҳа соли 2019 Ӯзбекистон, Қазоқистон (5 вилояти ҷанубӣ) ва Қирғизистон ба мувофиқа расиданд, ки ба низоми ягона баргарданд.Соли 2021 Тоҷикистону Туркманистон низ тасмим гирифтанд, ки ба Низоми ягонаи энержӣ ҳамроҳ шаванд.Зоҳиран, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин натиҷа расиданд, ки бидуни якдигар наметавонанд амнияти энержӣ ва кишоварзии худро бо об таъмин кунанд, бахусус ин ки ба роҳ афтидани канали Қӯштеппа дар Афғонистон, ба бовари нозирони вазъ, низоми обёрии Туркманистону қисматҳое аз Ӯзбекистонро ба ҳам хоҳад зад.

Тоҷикистон — муҳраи асосӣ

Коршиносон мегӯянд, дар ин миён „кишварҳои поёноб“ диданд, ки бо истифода аз захоири нафту газ метавон ҳаҷми зарурии барқро тавлид кард, аммо таъмини муназзами он имкон надорад. Ба навбати худ, „кишварҳои болооб“ аз камбуди фаровардаҳои нафту газ ранҷ бурданд, ки дар пайи он тамоми фишор сари кифояти барқ омад.Нуруллоҳ Ҳусейнов, коршинос дар умури минтақа мегӯяд, системаи энержии Тоҷикистон дар ин низом нақши калидӣ дорад, зеро фақат метавон бо захоири мавҷуд дар неругоҳҳои барқи обии он фриконс ё басомадро танзим кард.Ин як заруратест, ки таъмини он бо нерӯгоҳҳои ҳароратии Қазоқистону Ӯзбекистон ё захираҳои заифи нерӯгоҳҳои барқи обии Қирғизистон тақрибан ғайримумкин аст, мегӯяд ӯ."Масалан, тибқи маъмул одамон бештар аз ҳар вақт бештар соатҳои авҷи масраф — субҳ, зуҳр ва шом — ба барқ васл мешаванд. Барои он ки ин низом нигоҳ дошта шавад, низомҳои барқии ҳамсояҳоро, ки аз ҳисоби газу мазут кор мекунанд, шаш-ҳафт соат зарур аст, то ба ҳамон соати авҷи масраф бароянд ва дар ин миён газу мазутро беҳуда месӯзанд«, — шарҳ дод коршинос.Ӯ илова намуд, ки дар низоми Тоҷикистон ин кор — баромадан ба соати авҷи масраф — дар 6-7 дақиқа сурат мегирад.Ба қавли Нуруллоҳ Ҳусейнов, ин бартарӣ, ки дар соатҳои авҷи масраф ҳамсояҳо бештар барқро истифода мекунанд, даромадҳои бузургеро пешбинӣ мекунад, бахусус, ки Тоҷикистон ҳар тобистон оби зиёдатиеро, ки баробар ба тақрибан 5-6 миллиард киловат соат барқ аст, раҳо мекунад."Дар ҳоле ки ин барқ ба иқтисоди Ӯзбекистон, ки дар ҳоли рушд аст, зарур аст. Гузашта аз ин, бозори Ӯзбекистон бузургтар аз дигарон дар минтақа аст, 40 млн нафар ва корхонаҳои зиёди саноатӣ, дар қиёс бо Афғонистон, як муштарии дигари барқи Тоҷикистон, дар он кишвар фаъоланд. Ва ин ба он маъност, ки таъмини муназзами барқ эффекти калони иқтисодӣ медиҳад«, — гуфт ӯ.Аз нигоҳи ин коршинос, захоири азими манобеъи энержии оби Тоҷикистон, ки 527 млрд киловатт соат дар сол тахмин зада мешавад ва то кунун танҳо 4 то 5%-и он истифода шудааст, як дурнамои ҷолибе барои минтақа дорад."Ҳудуди 95% ё бештари энержии Тоҷикистон аз об аст ва ба тренди «энержии сабз», ки имрӯз дар ҷаҳон ҷаззобияту муассирияти бештар пайдо кардааст, мувофиқ меояд. Ин ба он маъност, ки сармоягузории чунин тарҳҳо аҳамияти вежа пайдо мекунад ва кишварҳои минтақа, ки зери як сақфи зистмуҳитӣ ҳузур ёфтаанд, суди ҳамаҷониба мебинанд«, — гуфт Ҳусейнов.

Шохиси эътимод

Аз нигоҳи коршиносон, эҳёи Низоми воҳиди энержӣ ё „ҳалқаи энержӣ"-и Осиёи Марказӣ равандҳои ҳамгироӣ ва рушди иқтисодиро суръат мебахшад, зеро баробар тақсим шудани захираҳо, бахусус, захираҳои энержӣ заминаи асосӣ барои ҳамкорӣ ва рушди иқтисодии муштарак аст.Муовини директори Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Аброр Мирсаидов, мегӯяд, эҳёи «ҳалқаи энержӣ» ба тамоюли табии рушди иқтисодӣ, ки дар ҷаҳон аст, мутобиқат мекунад ва яке аз авомили муҳим ин шохиси эътимод ё эътимоди ҷонибҳо аст."Агар созишномаҳо танзиму иҷро шаванд, он замон натиҷа дида мешавад. Ин омил дар гузашта чандон муассир набуд. Ҳоло кишварҳо ба ин дарк расидаанд, ки бидуни ҳамкорӣ наметавон рушд кард. Акнун содироту воридот ё додугирифти низомманди барқ сурат мегирад«, — изҳор дошт ӯ.Дуюм, шаклҳои дигари ҳамкории иқтисодӣ пайдо мешавад, масалан, сармоягузории муштарак дар ин соҳа ва сеюм, ҳамкории илмиву техникӣ, омода кардани кадрҳо дар сатҳи милливу минтақа, фаҳмонд Мирсаидов.Аз нигоҳи ин коршинос, дар ҳоли пайдо шудани манфиати умумии иқтисодӣ, ки рушду рифоҳи кишварҳо ба он рабт мегирад, ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятӣ ба хотири нигаҳ доштани ин раванд тақвият мешаванд, он чӣ ки кишварҳоро водор ба ҳамгироии бештар мекунад.

САРЧАШМА:​sputnik​​​




Комментарии (0)

Оставить комментарий