Камтар аз даҳяки қарзҳои бонкӣ дар Тоҷикистон барои саноат равона мешаванд

Камтар аз даҳяки қарзҳои бонкӣ дар Тоҷикистон барои саноат равона мешаванд
Ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон дар чор моҳи аввали соли равон ҳудуди 6,6 млрд сомонӣ қарз додаанд.Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафараш ба Хатлон иттилоъ дода, афзуд, ки аз ин маблағ 1,5 млрд сомонӣ ё 20%-и он ба вилояти Хатлон рост меояд. Ин нишондиҳанда ҳоло ҳам нокифоя мебошад, изҳор дошт ӯ.Ба гуфтаи президент, аз ҳаҷми умумии қарзи додашуда дар кишвар ҳамагӣ 17% ба соҳаи кишоварзӣ ва 9% ба соҳаи саноат рост меояд.Вай барои Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ зарур хонд, ки барои таъмин намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат, махсусан, дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ чораҳои амалӣ андешанд.
Яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар ин бах фоизи қарзҳои бонкӣ гуфта мешаванд, ки ба иддаои мизоҷон баланданд.
Ба итилои БМТ, дар ин ниҳод гурӯҳи кории доимо­амалкунанда фаъолият мебарад, ки бевосита бо роҳбарони ташкилотҳои қарзию молиявии кишвар ҷаласаҳои корӣ баргузор намуда, бозбинӣ кардани фоизи қарзҳоеро, ки ба шаҳрвандону соҳибкорон пешниҳод мегардан.Манбаъ афзуд, ки дар панҷ соли охир меъёри миёнавазни қарз дар Тоҷикистон бо пули миллӣ аз 28 то 23% ва бо асъори хориҷӣ аз 22 то 11% паст карда шудааст.БМТ доимо оид ба кам кардани хароҷоте, ки ташкилотҳои қарзию молиявӣ доранд ва бозбинӣ намудани хароҷоти дуюмдараҷаро тавсия медиҳад, мегӯянд, масъулини ин ниҳод.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий