Раъду барқ ва жола: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

Раъду барқ ва жола: Пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар бархе минтақаҳо борони бошиддат меборад.Дар ин бора Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки, ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест.Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борон дар назар буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.Суғдро ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Ҳарорат дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
Борону жола дар Хатлон низ аз эҳтимол дур набуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона борон мебораду ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.Душанберо низ ҳавои тағйирёбанда дар пеш буда, борон, раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 19+21 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ доданд ҳавошиносон.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий