Дилшод Назаров раиси Федератсияи варзиши сабуки Осиёи Миёна интихоб гардид

Дилшод Назаров раиси Федератсияи варзиши сабуки Осиёи Миёна интихоб гардид
20 апрели соли равон дар шаҳри Доҳаи Қатар, дар доираи баргузории Чемпионати Осиё оид ба варзиши сабук ҷаласаи Конгресси Федератсияи варзиши сабуки Осиё доир гардид. Дар  ин ҷаласа   варзишгари маъруфи Тоҷикистон, чемпиони Бозиҳои олимпӣ, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон Дилшод Назаров раиси Федератсияи варзиши сабуки Осиёи Миёна интихоб гардид. 

Ҳамчунин Федератсияи варзиши сабуки Осиё Дилшод Назаровро раиси Комиссияи варзишгарон интихоб намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар кори ҷаласа Доҳлан Ҳамади қатарӣ бори дигар Президенти Федератсияи варзиши сабуки Осиё интихоб гардида, ӯ то соли 2023 дар ин мақом хоҳад монд.

Ҳамзамон дар кори ҷаласа ноибони Президент, аъзои Кумитаи иҷроия ва дигар ниҳодҳо аз ҷониби аъзои Конгресс интихоб гардиданд.

Варзишгари  шинохтаи тоҷик, чемпиони олимпии соли 1992 ва Чемпиони ҷаҳон дар соли 1993 Андрей Абдувалиев ба ҳайси ноиби Президент интихоб гардид.

Дар ин ҷаласа бо дастгирии роҳбарони федератсияҳои варзиши сабуки қитъаи Осиё ба Дилшод Назаров ҷоизаи «Беҳтарин гурзандози Осиё» тақдим карда шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий