Раҳмон: сохтмонҳои бисёрошёнаи барои шаҳрвандон хатарнок ошкор шудаанд
Санҷиш ҳолатҳои зиёди худсарона ва бе мувофиқа бо мақомоти дахлдор сохтмони биноҳои бисёрошиёнаро ошкор кардааст, иттилоъ дод додситони кулли Тоҷикистон, Юсуф Раҳмон.Ӯ зимни ҳисобот дар ҷаласаи ахири парлумон угфт, дар раванди санҷишҳои прокурорӣ ба риояи қоидаю меъёрҳои сохтмон диққати ҷиддӣ дода шуда, ҳолати зиёди худсарона оғоз ва бо сифати паст анҷом додани сохтмони биноҳои бисёрошёна, ки ҳаёти шаҳрвандонро зери хатар мегузорад, ошкор гардиданд.Вай аз ҷумла як шаҳрванд дар шаҳри Хуҷандро ном бурд, ки дар болои бинои сохтмонаш нотамоми 4-ошёнаи дар ҳолати садамавӣ қарордошта бе мувофиқа бо мақомоти меъморию шаҳрсозӣ, худсарона, боз 4 ошёнаи дигар сохтааст, иттилоъ дод нашрияи парлумонӣ, «Садои мардум».Манбаъ афзуд, ки нисбати шаҳрванди мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.Додситони кулли Тоҷикистон афзуд, ки нисбат ба масъулини ширкати сохтмонии «Муҳаммад 2009» низ барои тасарруфи 11,5 млн доллари ИМА парвандаҳои ҷиноӣ оғоз шудаанд.Юсуф Раҳмон таъкид намуд, ки маблағи мазкур ба 86 нафар саҳмгузорон тааллуқ дошта, зимни тафтишот 4 млн доллари он барқарор карда шудааст.Қаблан дар пасманзари заминҷунбии харобиовар дар Туркия мақомоти Тоҷикистон дастур дода буданд, ки сифати сохтмонҳо дар кишвар таҳти назорати ҷиддӣ гирифта шавад.
САРЧАШМА:sputnik.tj
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)