Супориши Вазорат барои таҳлилу табобати беҳтари бемориҳои мардона дар Тоҷикистон
Вазъи кунунии бемориҳои урологӣ дар Тоҷикистон мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор дода мешаваду хизматрасонӣ дар ин бахш беҳтар карда мешавад.Дастур дар ин бораро муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Ғафур Муҳсинзода зимни ҷаласаи корӣ дод.Ба гуфтаи ӯ, бемориҳои урологӣ яке аз масъалаҳои муҳими тиббӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба шумор меравад.Нишондиҳандаҳои бемориҳои паҳншудаи урологӣ, чун бемории санги пешоб, илтиҳобҳои гурда, роҳҳои пешобрав ва простата, гиперплазияи хушсифати ғадуди простата, инкишофи узвҳои пешобу таносул, стриктураи пешобрез, бенаслии мардона, дисфунксияи эректилӣ барои таҳлили тиббиву демографӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ нақши намоён мебозанд, гуфт ӯ.Вазорат афзуд, ки дар ҷаласа вазъи кунунии бемориҳои урологӣ дар мамлакат мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор гирифт.Ба сармутахассисон ва мутахассисони соҳа ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ дар ин самт ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд, афзуд манбаъ.Зикр гардид, ки ҳоло дар кишвар 29 муассисаҳои махсусгардонидашудаи госпиталӣ дар 21 минтақаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ташхису табобати бемориҳои урологӣ фаъолият карда истодаанд.Ба ғайр аз ин, катҳои махсусгардонидашудаи урологӣ дар 24 шӯъбаҳои ҷарроҳии беморхонаҳои марказии ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ вуҷуд доранд, афзуд Вазорати тандурустӣ.
САРЧАШМА:sputnik.tj
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)