Имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои воридоти техникаву таҷҳизоти замонавӣ ба фурудгоҳи Хуҷанд

Имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои воридоти техникаву таҷҳизоти замонавӣ ба фурудгоҳи Хуҷанд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.Аз ҷумла ба иттилои манбаъ, дар қонунгузории буҷети давлатӣ вобаста ба воридоти техникаву таҷҳизоти замонавӣ, ки барои навсозии аэровакзали Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд истифода мешаванд, имтиёзҳои андозию гумрукӣ пешбинӣ гардидааст.Ҳамзамон тибқи талаботи қисми 5 моддаи 32-и Кодекси андоз пешниҳоди имтиёзҳои иловагии андозӣ дар доираи қонунгузории буҷети давлатӣ ба андозаи то 50 фоиз меъёри андози пардохтшаванда муқаррар мешавад.Ёдовар мешавем, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёду навсозии меҳмонхонаи панҷошёнаи «Кайҳон» барои 178 нафар, чойхонаи замонавӣ барои 240 мизоҷ ва тарабхона барои 240 мизоҷ, коргоҳи дӯзандагӣ ва коргоҳи бофандагӣ бо даҳҳо ҷойи нави корӣ идома дорад.Иншооти замонавии фурудгоҳ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон ва таъсиси ҷойҳои кории нав бунёд карда мешавад.Роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ҳамчунин тасмим гирифтааст, ки парки техникии фурудгоҳро бо техникаву таҷҳизоти зарурӣ пайваста таъмин намояд.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий