Боксчиёни шинохтаи тоҷик дар Чемпионати Осиё иштирок мекунанд

Боксчиёни шинохтаи тоҷик дар Чемпионати Осиё иштирок мекунанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар Чемпионати Осиё миёни мардон ва бонувон, ки аз 17 то 27 апрел дар  шаҳри Бангкоки Тайланд доир мегардад, иштирок менамояд.

Дар ин бора корманди  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ хабар дод.

Зикр шуд, ки бори аввал аст, ки чемпионат миёни мардону бонувон дар як вақт ва дар як ҷой баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати зерин ба Чемпионати Осиё оид ба бокс сафарбар мегарданд:
 
Мардҳо
48кг – Шермуҳаммад Рустамов
60кг – Сомон Ҳабибов
64кг – Баҳодур Усмонов
75кг – Мирзомуҳаммади Бахтиёр
81кг – Шаббос Негматуллоев
+91кг – Сиёвуш Зуҳуров

Бонувон
48кг – Сумайя Қосимова
57кг – Миҷгона Самадова
60кг – Шоира Зулқайнарова
64кг – Идимоҳ Холова
69кг – Нилуфар Бобоёрова

Менеҷер – Комрон Файзов
Сармураббӣ – Парвиз Ахмедов
Мураббӣ – Амирхон Муродов
Мураббӣ – Баҳром Усмонов
Мураббӣ – Аббос Негматуллоев

Ёдовар  мешавем, ки  дар доираи чемпионат 17 апрел ҷаласаи Ассамблеяи генералии Конфедератсияи бокси Осиё баргузор мешавад.

Ба иттилои манбаъ, тибқи муқаррароти нави Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (AIBA) акнун варзишгарон мисли солҳои пеш дар чемпионатҳои қитъавӣ ба чемпионати ҷаҳон роҳхат намегиранд, вале соҳиби холҳои рейтингӣ мешаванд. Варзишгарон дар чемпионати ҷаҳон мустақим ширкат менамоянд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий