Пирӯзии "Истиқлол" бар "Хуҷанд" дар Ҷоми КФО-2019
Дар даҳаи қисми дуюми дидор ҳамлавари арманистонии "Истиқлол" Руслан Корян ҳисобро боз намуд. Дар дақиқаи 68-ум Алишер Ҷалилов аз зарбаи ҷаримавии 11-метра ҳисоби бозиро 2:0 намуд
Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар гурӯҳи "D" байни дастаҳои футболи "Истиқлол"-и Душанбе ва "Хуҷанд"-и Хуҷанд баргузор шуд.
Тавре мухбири АМИТ "Ховар" хабар додааст, дар ин вохӯрии ҷолиб дастаи футболи "Истиқлол"-и Душанбе бо ҳисоби 3:0 бар дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд ғолиб омад.
Бояд зикр кард, ки дар даҳаи қисми дуюми дидор ҳамлавари арманистонии «Истиқлол» Руслан Корян ҳисобро боз намуд. Дар дақиқаи 68-ум Алишер Ҷалилов аз зарбаи ҷаримавии 11-метра ҳисоби бозиро 2:0 намуда, «Истиқлол» — ро ба пеш баровард. Дар дақиқаи 72-юм боз Руслан Корян голи дуюми худ ва голи сеюми дастаашро ба ҳадаф расонида, ба бозӣ нуқтаи ниҳоӣ гузошт.
Ҳамин тариқ "Истиқлол" дар бозии аввали гурӯҳи "D"-и марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Хотиррасон мекунем, ки аввалин бор дар таърихи хеш ду дастаи Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо ҳам вомехӯранд.
Дастаи футболи "Истиқлол"-и Душанбе бозии даври дуюми гурӯҳи "D" — ро 17 апрел бо дастаи футболи "Алтин Асир" -и Туркманистон баргузор мекунад. Дастаи футболи "Хуҷанд" дар ҳамин рӯз дар хонааш дастаи "Дордой" -и Қирғизистонро қабул мекунад.
Ёдовар мешавем, ки бозии дигари гурӯҳи мазкур миёни дастаҳои футболи «Дордой»-и Қирғизистон ва "Алтин Асир"-и Туркманистон бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт. Феълан дастаи футболи "Истиқлол" бо касби 3 хол садрнишини ҷадвали гурӯҳи "D" ба ҳисоб меравад. Дастаҳои футболи "Дордой" ва "Алтин Асир" бо дарёфти якимтиёзӣ дар зинаҳои 2-юм ва сеюм қарор доранд.
Дастаи футболи "Хуҷанд" дар зинаи 4-ум мавқеъ касб кардааст.
Комментарии (0)