Шӯрои уламои Тоҷикистон додани 60 дирам ба ширкатҳои мобилиро дуруст хонд
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон додани 60 дирам бар ивази қарз ба ширкатҳои мобилиро дуруст хонд
Муҳаммад, як корбари сомонаи Шӯрои уламо изҳор доштааст, ки вақте муштариён аз ширкатҳои мобилии кишвар қарз мегиранд, бояд ҳаққи муайян пардохт кунанд.
“Масалан, агар 10 сомонӣ қарз гирем, бояд 60 дирам пардохт кунем. Агар қарзро истифода набурда, пешпардохт ҳам кунем, бояд 60 дирам ҳаққи хидматро бипардозем. Оё ин дуруст аст?”, - суол кардааст, Муҳаммад.
Шӯрои уламо дар посух ин амалро қобили қабул хондааст.
“Бародари азиз, пардохти ҳаққи хидмат дар ҳама ҳолат дуруст аст”, - ҷавоб додааст Шӯрои уламо.
Масъулини ин ниҳод инчунин ба суоли як донишҷӯи таърихомӯз дар мавриди боварӣ ба маводи таърихӣ, аз ҷумла китоби “Авасто” посух гуфтаанд.
“Устод маърузае хонд, ки дар китоби Авесто омадааст, пеш аз инсон дар дунё як говмард ва як говзан будааст. Худо онҳоро кушта, аз нутфаи онҳо инсонро офарид. Оё ин қисса дуруст аст?”, - суол кардааст донишомӯз.
Шӯрои уламо изҳор доштааст, ки омӯзиши таърих кори хайр аст, аммо боварӣ ба матолиби таърихӣ бояд бар асоси шариат ва асосҳои илмӣ сурат гирад.
“Бародари азиз, омӯзиши фанни таърих кори хайр аст, аммо бовар кардан ба матолиби таърихӣ дар сурате дуруст аст, ки ба шариати Ислом ва мизони ақлу хирад рост ва мувофиқ буда, асоси илмии саҳеҳ дошта бошад”, - таъкид намудааст Шӯро дар посух ба донишҷӯи таърихомӯз.
Комментарии (0)