Қӯшунҳои сарҳадӣ дар бораи амалҳои навбатии зиддиҳуқуқии шаҳрвандони Қирғизистон дар қаламрави Тоҷикистон хабар медиҳад

Қӯшунҳои сарҳадӣ дар бораи амалҳои навбатии зиддиҳуқуқии шаҳрвандони Қирғизистон дар қаламрави Тоҷикистон хабар медиҳад
16 декабри соли 2021, тахминан соати 16:50, дар қитъаи дидбонгоҳи сарҳадии отряди сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Сомониён далели аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон сохтмони ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сардори дидбонгоҳи сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои зиддиҳуқуқии шаҳрвандони Қирғизистон бо ҳамтои қирғизи худ вохӯрӣ доир намуд. Аммо, зимни вохӯрӣ шаҳрвандони хашмгини Ҷумҳурии Қирғизистон ба рафти он халал расонида, ба марзбонони тоҷик ҳамла карданд ва ба сӯи онҳо санг партофтанд. Чун дар ҳолатҳои қаблӣ бо ба роҳ андохтани иғвои навбатӣ шаҳрвандони Қирғизистон ба пеш ҳаракат карданд ва бо ин ба ҳаёт ва саломатии марзбонони тоҷик таҳдид намуданд.

Сардори дидбонгоҳи сарҳадии ҚС Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъиятро дуруст арзёбӣ намуда, бо мақсади рафъи авҷгирии низоъ бо риояи қатъии талаботи муқаррарнамудаи қонун ба ҳаво ду тири огоҳӣ холӣ кард ва издиҳоми хашмгинро боздошт.

Намояндагони марзбонии тарафҳо, ки ба ҷойи ҳодиса расидаанд, ба мувофиқа омаданд, ки ҳодисаро якҷоя тафтиш кунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий