“Абдурозиқ хиёнат кард!” Барон аз хотимаи ҳамкорӣ бо Абдурозиқ гуфт
Барон, рэпер ва продюсери блогер ва овозхони майдаҷуссаи тоҷик Абдурозиқ дар саҳифаи Ютуби худ аз расман ҷудо шуданаш бо Абдурозиқ гуфт.
Рэпер аз аввали рӯзҳои ҳамкорияшон бо Абдурозиқ ёдовар шуда, тамоми пастиву баландиҳои фаъолияташонро дар 43 дақақи ба мухлисонаш шарҳ дод.
“Ман Дубай рафтем ва Абдурозиқ гуфт, ки ман дигар ҳамроҳи Шумо кор намекунам. Шумо пулҳои маро хӯрдед!”,- гуфт Барон.
Тибқи гуфтаи Барон арабҳо ба Абдурозиқ ваъда додаанд, ки барояш дар Душанбе хона мехаранд, дар Дубай қаҳвахона мекушоянд ва ӯро дастгирӣ мекунанд.
Дар ин баробар, Абдурозиқ даъво кардааст, ки Барон пулҳои ба вай додаро ба манфиати худ истифода кардааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Абдурозиқ танҳо ба Дубай сафар кард ва саросадоҳо дар мавриди ҷудо шуданаш аз Барон пайдо шуданд. Вале ҳамон замон Барон дар “сториз”-и худ ин овозаро рад карда, гуфта буд: “Мо бо Абдурозиқ ҷудо нашудаем, балки бо Аморати Муттаҳидаи Араб шартномаи ҳамкорӣ дорем ва сари ҳар чанд вақт бояд ба Дубай сафар кунем. Аз сабабе, ки ман дар вилояти Суғд консерт доштам Абдурозиқро танҳо равон кардам ва насиб бошад рӯзҳои наздик наздаш меравам”.

Комментарии (0)