Дар Душанбе мехоҳанд Осорхонаи Садриддин Айниро тахриб кунанд
Дар Душанбе тибқи маълумоти тасдиқношуда, масъалаи тахриби Осорхона (Хона-музей)-и сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айнӣ баррасӣ мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаи наздик ба ин осорхона.
Ба гуфтаи манбаъ, дар бораи тахриби осорхона аз номи муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нома расидааст.
“Дар мактуб гуфта мешавад, осорхона ба нақшаи нави генералии шаҳр мувофиқ набуда, гӯиё симои зоҳирии гирду атрофро коста мекунад. Ҳоло маълум нест, ки ба ҷойи он чӣ сохта мешавад”, - хабар дод манбаъ.
Дар шаҳрдории пойтахт ба “Азия-Плюс” ваъда доданд, ки оид ба ин масъала маълумот пешниҳод хоҳанд кард.
Ҳамчунин доир ба шарҳи ин масъала ба Эраҷ Айнӣ, набераи Садриддин Айнӣ муроҷиат намудем, лекин аз сухан гуфтан дар ин бора ӯ худдорӣ варзид.
Хабар давоми рӯз такмил меёбад.
Ҳоло навори видеоро, ки се сол пеш таҳия намуда будем, тамошо кунед.

Комментарии (0)