Нишасти амниятиҳо дар бораи Афғонистон дар Ҳинд: Тоҷикистон меравад, Чину Покистон на
Покистону Чин аз нишасти амнияти минтақавӣ дар бораи Афғонистон, ки бо мизбонии Ҳинд доир мешавад, даст кашиданд
Мулоқоти амниятиҳои аршади 7 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон дар Ҳиндустон фардо 10-уми ноябр дар пасманзари ташдиди вазъи Афғонистон баргузор мешавад.
Муколама дар сатҳи мушовирони амнияти миллӣ, котибони шӯроҳои амниятӣ баргузор мешавад ва онро мушовири амнияти миллӣ Ҳиндустон Аҷит Довал раҳбарӣ мекунад, хабар медиҳад indiatoday
Дар ин нишаст намояндагони Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд.
Қаблан Чину Покистон низ даъват шуда буданд, аммо баъдар ширкат дар ин чорабиниро рад кардаанд.
Покистон даъвати Ҳиндро рад карда, ин кишварро “вайронкунанда”, на “сулҳсоз” дар Афғонистон номидааст. Мушовири амнияти миллии Покистон Муид Юсуф дар посух ба суоли ширкат дар ин чорабинӣ гуфтааст, “Ман намеравам. Вайронкунанда наметавонад сулҳҷӯ бошад".
Ҷониби Ҳинд бошад, гуфтааст, ки Покистон танҳо барои он даъват карданд, ки ин як формат буд.
"Мутаассифона, онҳо иштирок накарданро интихоб карданд. Ё онҳо нигарониҳои амниятӣ надоранд, ё дарки дигар доранд”,- гуфтааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, Чин ба даъвати Ҳинд гуфтааст, ки онҳо наметавонанд ба далели мушкилоти ҷадвал корӣ ширкат кунанд, аммо ба гуфтаи манобеъ, барои идомаи музокира бо Ҳиндустон тавассути намояндаҳои дуҷониба омодаанд.
Мақомоти Ҳинд интизор доранд, ки дар нишасти намояндагони хадамоти амнияти миллии ин кишвар мақомоти баландпояи Русия, Покистон, Чин, Эрон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Ҳинд гуфтааст, ки дар ин муколамаи сатҳи баланд вазъи амниятӣ дар минтақа, ки аз пас аз таҳаввулоти ахир дар Афғонистон бармеоядтаҳлил мешавад.
Дар он ҳамчунин чораҳо оид ба ҳалли мушкилоти марбут ба амният ва дастгирии мардуми Афғонистон дар мусоидат ба сулҳ, амният ва субот баррасӣ хоҳад шуд.
Комментарии (0)