Хитой дар Помир базаи ҳарбӣ месозад
Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки Хитой дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон базаи махсус месозад, аммо молики он низомиёни тоҷик хоҳанд буд
Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, 27-уми октябр дар парлумон гуфт, ки бинои нави базаро дар деҳаи Вахони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон месозанд.
Толибхон Азимзода, вакили Маҷлиси Намояндагон, гуфт, пойгоҳи махсус марбути нерӯҳои Вазорати корҳои дохилии кишвар хоҳад буд. Ба қавли ӯ, тамоми дастгоҳу таҷҳизоте, ки ҳангоми бунёди пойгоҳ аз Чин ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз боҷи гумрукӣ озоданд.
«Маблағи сохтмон 55 миллион юани чинӣ, баробар ба тақрибан 100 миллион сомонӣ, пешбинӣ шудааст», — гуфт ӯ .

Комментарии (0)