Камонварони тоҷик ба Самарқанд мераванд

Камонварони тоҷик ба Самарқанд мераванд
 Дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ миёни занон баргузор мешавад.

Ин нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ мебошад, ки аз 27 то 29 октябр дарӮзбекистон доир мегардад.

Мусобиқа таҳти унвони "Ҷоми Томирис" миёни варзишгарони шаш давлат сурат мегирад. Тоҷикистонро дар мусобиқа дастпарварони Марям Кантаева намояндагӣ мекунанд.

Дар баробари Фирӯза Зубайдова, Заронаи Фирӯз ва Мавзуна Азимова инчунин варзишгарон аз Украина, Русия, Гурҷистон, Қирғизистон, Қазоқистон иштирок мекунанд.

Кумитаи милли олимпӣ мегӯяд, дар мусобиқаи "Ҷоми Томирис" дасти кам 50 варзишгар байни ҳам қувва меозмоянд.


Ёдовар мешавем, ки моҳи феврали ҷорӣ низ дар Тошканд мусобиқаи камонварӣ сурат гирифт ва варзишгарони тоҷик ду медали нуқра ба даст оварданд.




Сарчашма:sputnik-tj.com



Комментарии (0)

Оставить комментарий