Беш аз 2,7 ҳазор низомиёни Округи ҳарбии марказии Русия дар машқҳои миқёсии СААД дар Тоҷикистон иштирок мекунанд
Моҳи октябри соли равон бештар аз 2,7 ҳазор нафар низомиёни Округи ҳарбии марказии Русия ва беш аз 500 адад техникаи ҳарбӣ дар 3 машқи муштараки кишварҳои узви СААД (Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ) дар Тоҷикистон иштирок мекунанд. Тавре агентии ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 5 октябр Фармондеҳи низомиёни Округи ҳарбии ФР, полковник Александр Лапин ба рӯзноманигорон хабар дод.
Қаблан дабири кулли СААД Станислав Зас оид ба гузаронидани машқҳои муштараки ҳарбӣ дар ҳудуди сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон иттилоъ дода буд.
«Моҳи октябр дар Тоҷикистон, дар қарибиҳои сарҳади наздик ба Афғонистон 3 машқи муштарак, аз қабили «Ҳамкорӣ», «Ҷустуҷӯ» ва «Эшелон» бо ҷалби низомиёни кишварҳои аъзои СААД гузаронида мешаванд, ки ба онҳо беш аз 2,7 ҳазор нафар низомиён ва 500 адад техника ҷалб карда шудааст. Асоси қисмати русиягиро қисми 201-уми пойгоҳии ҳарбӣ ташкил медиҳад», -гуфт Лапин.
Тавре аз хадамоти матбуоти Округи ҳарбии марказии Русия хабар доданд, тамринҳои амалӣ дар ду машқгоҳи Тоҷикистон- Ҳарб-Майдон ва Момирак бо иштироки низомиёни 6 кишвари аъзои СААД гузаронида хоҳанд шуд.
Шартнома оид ба амнияти дастҷамъӣ соли 1992 дар Тошканд ба имзо расонида шуда, соли 2002 қарор оид ба таъсиси созмони мувофиқ қабул гардид. Ба СААД Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд. Тоҷикистон роҳбарии раёсати Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро дар солҳои 2020-2021 ба зимма дорад.

Комментарии (0)