Ду зодаи Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии озмуни зебоии «Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия» роҳ ёфтанд
Ду зодаи Тоҷикистон — Нуринисо Абдулмаиноваи 27-сола ва Рухшона Маҳкамоваи 25-сола ба даҳгонаи довталабони беҳтарин дар озмуни зебоии «Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия» шомил гардиданд. Ҳардуи онҳо дар Москва зиндагӣ, таҳсил ва кор мекунанд. Дар сомонаи https://miss.fmr-online.ru/ 1 октябр овоздиҳӣ барои унвони «Зебосанами интихобнамудаи тамошобинон» оғоз ёфт: дар ин ҷо метавон ба яке аз 10 иштирокчӣ овоз дод.
Озмуни байналмилалии зебоии «Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия» бори аввал баргузор мешавад. Ҳадафи озмун шинос кардани тамошобинон бо ҷинси латифи миллатҳои гуногуне, ки дар қаламрави Федератсияи Русия зиндагӣ мекунанд, анъана ва урфу одатҳои миллии онҳо, густариши робитаҳои фарҳангӣ миёни халқҳо, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамсоягӣ мебошад.
Маросими ниҳоӣ 9 октябри соли 2021 дар шаҳри Москва (Президент-Отел) баргузор мешавад.

Комментарии (0)