Мусолиҳа кунед: Даъвати Русия аз Тоҷикистону Афғонистон
Маскав мегӯяд, аз хабарҳо дар бораи ҷалби нерӯҳои ҳарду ҷониб ба марзи Тоҷикистону Афғонистон нигарон ҳастанд
Русия аз Тоҷикистон ва Афғонистон даъват намудааст, ки имконоти мутақобили ҳалли вазъро ҷустуҷӯ кунанд, изҳор дошт Алексей Зайтсев, муовини мудири Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия.
"Мо бо нигаронӣ афзоиши танишҳо дар равобити Афғонистон ва Тоҷикистонро дар пасманзари изҳороти сахти мутақобилаи раҳбарони ду кишвар мушоҳида мекунем", - афзудааст ӯ.
Вай афзуд, Маскав аз хабарҳо дар бораи ҷалби нерӯҳои ҳарду ҷониб ба марзи Тоҷикистону Афғонистон нигарон аст.
"Мо аз Душанбе ва Кобул даъват мекунем, ки имконоти барои ҳар ду ҷониб қобили қабулро барои ҳалли вазъи кунунӣ ҷустуҷӯ кунанд", - тавзеҳ додаастнамояндаи ВУХ Русия.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш се намояндаи ҷунбиши "Толибон"*, ки ба ҳукумати нави Афғонистон тааллуқ доранд, Тоҷикистонро шадидан танқид карданд.
Ҳамзамон, Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон низ ҳукумати "Толибон"* - ро ба ҳеҷ ваҷҳ эътироф накарда, онҳоро ба ваъдахилофӣ муттаҳам кард.
Президенти Тоҷикистон гуфта буд, "Толибон" * бояд ҳукумати фарогир таъсис диҳанд.
*созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Комментарии (0)