Русия сар аз 5 октябр шумораи парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Русия сар аз 5 октябр шумораи парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад
Шурӯъ аз моҳи октябри соли ҷорӣ шумораи парвозҳо ба Тоҷикистон дар масири Маскав - Хуҷанд ва Маскав - Кӯлоб то ду адад дар як ҳафта афзоиш меёбад

Русия аз 5 октябр шумораи парвозҳо ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад, хабар додааст, ситоди фаврии мубориза бо паҳншавии коронавирус дар Русия .

Ҳамин тариқ, шурӯъ аз моҳи октябр шумораи парвозҳо ба Тоҷикистон дар чанд масир зиёд мешавад.

"Дар як ҳафта то ду парвоз ба самтҳои Маскав - Хуҷанд ва Маскав - Кӯлоб ва шумораи парвозҳо аз фурудгоҳҳои Русия ба Бохтар, Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб то ду парвоз дар як масир дар як ҳафта афзоиш меёбад", - омадааст дар хабар.

Илова бар ин, шумораи парвозҳо аз 5 октябр ба Баҳрайн, Ҳиндустон, АМА, Испания, Ҷопон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ва аз 4 ноябр ба Шри Ланка низ афзоиш хоҳад ёфт.

Ҳамин тариқ, шумораи парвозҳо ба Узбакистон дар масири Маскав-Тошканд то чор парвоз дар як ҳафта афзоиш меёбад.

Илова бар ин, кушодани ҳаракати ҳавоӣ байни Маскав ва чанд шаҳри Ӯзбекистон (Бухоро, Самарқанд, Наманган, Фарғона, Урганч, Андиҷон, Тирмиз), иҷозат дода шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий