Лукашенко аз дӯстияш бо Раҳмон гуфт: "Миёни мо сирре нест" - видео

Лукашенко аз дӯстияш бо Раҳмон гуфт: "Миёни мо сирре нест" - видео
Александ Лукашенко мегӯяд, ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон дӯстони дерина буда миёнашон сирре нест

Президенти Беларус зимни мулоқот бо сафири тозатаъйини ин кишвар дар Тоҷикистон Виктор Денисенко гуфт, барои ӯ кор кардан дар Тоҷикистон осон хоҳад буд.

Лукашенко ба намояндаи нави дипломатияш гуфт, Тоҷикистон кишвари на танҳо дӯст, балки раҳбари Беларус бо Эмомалӣ Раҳмон дӯстии шахсӣ дорад.

Ӯ ба сафири наваш гуфт, барояш дар Тоҷикистон тамоми шароитҳои кор фароҳам оварда мешавад ва кор дар ин кишвар осон хоҳад буд.

"Бо Эмомалӣ Раҳмон мо на танҳо муносиботи хуб дорем, мо дӯстона қарину дерина ҳастем. Аз ҳамдигар қариб ягон сир надорем. Инро инчунин сафари охирини серӯзаи ман нишон дод", - таъкид кар, Лукашенко.

Президенти Беларус гуфт, дар умури сиёсат мо чун дигар кишварҳо ягон мушкилӣ бо Тоҷикистон надорем



Лукашенко гуфт, ки новобаста аз дӯстии миёни Тоҷикистон ва Беларус зарфиятҳои бузурги рушди тиҷорат бо ин кишвар амалӣ нашудааст ва сари ин мешавад кор кард.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, Виктор Денисенко ҳамзамон дар Афғонистон низ кор мекунад. Дар суҳбат бо рӯзноманигорон ӯ изҳор доштааст, ки муколама дар формати Белорус-Тоҷикистон-Афғонистон самар дод ва қадамҳои минбаъда комилан аз вазъи ин кишвар вобаста хоҳанд буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий