Бедаракшавии модари 18-солаи тоҷик бо тифлаш дар Русия
Дар Русия як модари ҷавони тоҷикистонӣ бо тифли навзодаш бедарак шудааст
Пулис ва идораи минтақавии тафтишотӣ дар вилояти Ленинград модари ҷавон ва тифли навзодашро меҷӯяд, ки аз 16 сентябр ба ин тараф бедарак мебошад.
Расонаи минтақавӣ, 47news хабар дод, ки нисфирӯзи 18 сентябр ба идораи пулис дар ноҳияи Кириш марди 53-сола муроҷиат карда, аз бедаракшавии духтари ҷавонаш бо набераи навзодаш хабар додааст.
Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки духтараш рӯзи 16 сентябр дар пайи муноқиша аз хона дар бинои истиқоматӣ дар кӯчаи Строителей берун шуда, бедарак гардидааст. Ҷавонзан дар даст писари зодаи соли 2021 доштааст.
Маълум аст, ки бедаракшуда шаҳрванди Тоҷикистон буда, дар деҳаи Пчевжа дар ноҳияи Кириш иқомат доштааст.
Шавҳари 28-солаи ҷавонзани бедаракшуда, ки худ низ шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, зимни бозпурсӣ дар идораи пулис изҳор доштааст, ки ҳамсараш ба хонаи падар рафтааст ва дигар ба тамос набаромад, чун телефони мобилӣ надорад.
Ба иттилои пулис, бори охир субҳи 17 - уми сентябр модари ҷавонро ҳангоми нишастан ба электричка дидаанд. Ба таҳқиқи ин қазия шуъбаи ноҳиявии идораи тафтишотии вилояти Ленинград машғул мебошад.
Комментарии (0)