Дар Русия барои муҳоҷирони тоҷик телефони боварӣ фаъол шуд

Дар Русия барои муҳоҷирони тоҷик телефони боварӣ фаъол шуд
Телефони боварӣ тибқи тартиби муайншуда дар соатҳои корӣ аз соати 9:00 то 18:00 ба вақти Маскав фаъолият мекунад

Дар Федератсияи Русия барои муҳоҷирони тоҷик телефони боварӣ фаъол шудааст, хабар медиҳад Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.

Ба иттилои манбаъ, телефони боварӣ аз ҷониби намояндагии вазорати мазкур дар Русия барои мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, саривақт бартараф намудани мушкилоти онҳо, қабули дархости шифоҳӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардидааст.

Дархости муҳоҷиронро мутахассисони соҳа дар чанд бахш дар рӯзҳои корӣ аз соати 09:00 то 18:00 ба вақти Маскав қабул мекунанд.

Манбаъ меафзояд, ба муҳоҷирон тавассути рақами +7(495)9679844 мутахассисони соҳа вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнат, шарҳи қонунгузории ин кишвар посух гардонида, ҳамзамон муроҷиати шифоҳии шаҳрвандонро низ қабул менамоянд.

Намояндагии вазорати мазкур аз муҳоҷирони тоҷик дархост намудааст, ки дар сурати пеш омадани ягон мушкилӣ ба рақамҳои зикршуда тамос гиранд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий