Муҳимоти ҷангӣ медиҳему сарбоз намефиристем: омодагии Қазоқистон барои кумак ба Тоҷикистон

Муҳимоти ҷангӣ медиҳему сарбоз намефиристем: омодагии Қазоқистон барои кумак ба Тоҷикистон
Қазоқистон имкони фиристодани сарбозон ба марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намекунад

Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба хабаргузории Интерфакс-Қазоқистон гуфт, ки кишвар омодааст ба Тоҷикистон дар иртибот ба авҷ гирифтани авзоъ чӣ гуна кӯмак расонад.

Ин ниҳод гуфтааст, ки ки вазирони дифоъ ба манзури таъмини амният дар манотиқи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба расонидани кумаки низомӣ-фаннӣ мувофиқат карданд.

Ҳамчун кумак аз Қазоқистон ба Тоҷикистон як бастаи калони тирҳои калибрҳои гуногун ворид мешавад.

Вазорати дифои Қазоқистон тавзеҳ дод, ки дар ҳоли ҳозир тартибот барои эътибор пайдо кардани созишномаҳо сурат мегиранд.

Ҳамчунин, Қазоқистон нақша надорад ва ҳатто масъалаи фиристодани контингенти низомӣ ба Тоҷикистонро баррасӣ намекунад.

Барои ин ба мақомоти Тоҷикистон лозим аст, ки муроҷиати расмӣ ирсол кунанд, ки онро парлумони ҷумҳурӣ баррасӣ хоҳад кард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий