Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар як амалиёти махсуси ФСБ кушта шуданд: навор
Шаби гузашта дар Тюмен ду гумонбар дар ҷинояти терроризм маҳв гардонида шуданд, ки ҳарду шаҳрванди Тоҷикистон буданд
Раёсати Хадамоти федералии амният (ФСБ)-и Тюмен як гурӯҳи хурди ҷонибдорони гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия, ДОИШ-ро ошкор карданд.
гуфта мешавад, онҳо нақша доштанд, дар ҷойҳои серодам ҳамлаҳои террористиро анҷом диҳанд. Ду нафар аз ҷангиён ҳангоми боздошт муқовимат нишон доданд ва маҳв карда шуданд.
Бино бар иттилои расонаҳои Русия, ҳарду кушташуда, шаҳовандони Тоҷикистон буданд.
" ФСБ дар наздикии деҳаи Кулаковои Тюмен амалиёти вижа анҷом дод. Тавре мушаххас шуд, онҳо кӯшиш карданд, ки ду узви эҳтимолии ДИИШ-ро боздошт кунанд. Аммо гумонбаронон муқовимат нишон дода, норинҷакро таркониданд. Ҳангоми задухӯрд, ҳарду мард дар ҷои худ кушта шуданд", - иттилоъ додааст телевизиони НТВ.
Кормандони оперативӣ ҳангоми ташхиси ҷои ҳодиса таппонча, якчанд патрон , варақ бо матни савганди садоқат ба ДОИШ пайдо карданд.
Манбаъ: https://sputnik-tj.com/20210729/shahrvand-tojikiston-amaliyot-fsb-kushta-navor-1041294375.html
Комментарии (0)