Шойгу: "Русия ба Тоҷикистон ройгон муҳимот ва техникаи ҳарбӣ медиҳад”
Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу изҳор намуд, ки вазъият дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ таваҷҷӯҳи махсусро тақозо мекунад ва Русия ба амалкард дар ин самт оғоз кардааст. Ин ҷо, аз ҷумла дар бораи таҳвили муҳимоту техникаи ҳарбӣ сухан меравад, хабар медиҳад РИА Новости.
"Имрӯз кори муштарак (бо Тоҷикистон) оид ба пешгирӣ ва безарар сохтани таҳдидҳо аз қаламрави кишвари ҳамсояи Афғонистон дар мадди аввал меистад. Хуруҷи босуръати нерӯҳои хориҷӣ аз он ҷо ба таназзули хеле тези вазъ, тақвият ва шиддат гирифтани фаъолияти террористон боис шуд”, - изҳор доштааст вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу зимни гуфтушунидҳо дар Душанбе.
Шойгу машқҳои муштаракро ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи СААД эълон карда, ҳамчунин гуфт, ки Маскав артиши Тоҷикистонро бо силоҳ ва техникаи ройгон муҷаҳҳаз хоҳад кард.
"Мо ба омӯзиши кадрҳои низомии соҳибихтисоси Тоҷикистон идома медиҳем. Онҳоро ҳам дар донишгоҳҳои низомии худ ва ҳам дар заминаи имконоти пойгоҳи низомии 201-уми Русия таълим медиҳем. Барои таълими ҳарбӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам шудааст. Ба таҳкими имконоти ҷангии пойгоҳи худ ва дақиқ кардани нақшаҳои муштарак барои муқовимат ва аз байн бурдани эҳтимоли воридшавии эҳтимолии ҷангҷӯён таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мекунем ", - иброз доштааст вазир.
Дар Афғонистон миёни нерӯҳои ҳукумат ва аъзои ҳаракати тундгарои “Толибон”, ки қаламравҳои назарраси деҳотро забт карда, ба шаҳрҳои бузург ҳамла карданд, муқовимати мусаллаҳона ҷараён дорад. Дар партави хуруҷи неруҳои низомии амрикоӣ аз ин кишвар, бесуботиву ноамнӣ меафзояд.
Ёдрас мекунем, ки дар Душанбе ҷаласаи вазирони мудофиаи кишварҳои узви СҲШ доир гардида, дар он масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ба вазъи кунунии Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа Эъломияи Душанбе қабул мешавад.
Аз 1 то 10 август дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон”-и Тоҷикистон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, тамринҳои низомии муштараки тактикии Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад. Шурӯъ аз 1 август хизматчиёни ҳарбӣ ва техника ба ҷойи баргузории тамрин интиқол ёфта, аз 5 то 10 август қисмати амалии тамрин доир мегардад.

Комментарии (0)