"Андалеб - 2018" ҷамъбаст шуд

"Андалеб - 2018" ҷамъбаст шуд
Шоҳҷоиза насиби дастаи ҳунармандони шаҳри Ҳисор, ду ҷойи аввал насиби дастаҳои ҳаваскорони санъати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон гардид.
Ҷашнвораи ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ "Андалеб-2018" ҷамъбаст шуд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, шоҳҷоизаи озмун насиби дастаи ҳунармандони шаҳри Ҳисор, ду ҷойи аввал насиби дастаҳои ҳаваскорони санъати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон гардидааст.
Ду ҷойи дуюмро ноҳияҳои Тоҷикобод ва Файзобод, се ҷойи сеюм насиби шаҳрҳои Хуҷанди вилояти Суғд, Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон гирифтаанд.
Дар ҷамъбаст беҳтарин дастаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва беҳтарин номинатсияҳо бо диплом, ифтихорнома ва созҳои миллии мусиқӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон, дар маросими ҷамъбасти фестивал-озмуни мазкур 15 нафар кормандони фаъоли муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ бо нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ифтихорнома”-и Вазорати фарҳанг, 6 нафар бо “Ифтихорнома”-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 нафар ҳунармандон бо “Ифтихорнома”-и Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон мушарраф гардиданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий