Муроҷиати авиатсия ба муҳоҷирон: чипта чанд пул арзон шуду бояд чигуна харид

Муроҷиати авиатсия ба муҳоҷирон: чипта чанд пул арзон шуду бояд чигуна харид
Дар сурати мушоҳида намудани ҳолатҳои беасос боло бурдани нархи чиптаи ҳавопаймоӣ шаҳрвандон метавонанд ба Агентии авиатсияи гражданӣ муроҷиат намоянд

 Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон дар муроҷиат ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавзеҳ додааст, ки минбаъд аз ширкатҳои русие, ки беасос нархро боло бардошта буданд, чигуна метавон бо нархномаи нав билет харид.

Тавре пештар низ агентӣ иттилоъ дода буд, ки минбаъд арзиши чипта аз се ширкати русӣ Сибирь", "Уральские авиалинии" ва "Ямал" набояд бештар аз 500 долларро ташкил диҳад.

Ҳамин тавр, агентӣ дар муроҷиатномаи навбатиаш гуфтааст, ки "акнун хоҳишмандон ва шаҳрвандони кишварамон метавонанд ба нуқтаҳои чиптафурӯшӣ муроҷиат намуда, аз ин ширкатҳои номбурда, бо нархи муқарраргардида чипта харидорӣ намоянд".

"Дар ин асос, ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ зикр намуданд, ки минбаъд нархи чиптаи ҳавопаймоиро ба самтҳои гуногуни Федератсияи Русия на беш аз 500 доллари ИМА ба фурӯш мебароранд", - таъкид мекунад манбаъ.

Вобаста ба ин, хоҳишмандон ва шаҳрвандони кишварамон метавонанд ба нуқтаҳои чиптафурӯшӣ муроҷиат намуда, аз ин ширкатҳои номбурда, бо нархи муқарраргардида чипта харидорӣ намоянд.

Дар сурати мушоҳида намудани ҳолатҳои беасос боло бурдани нархи чиптаи ҳавопаймоӣ аз ҷониби нуқтаҳои фуруши чипта, аз арзиши муқарраргардидаи болозикр, шаҳрвандон метавонанд ба рақамҳои боварии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 236-53-34 муроҷиат намоянд.

Инчунин, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми харидорӣ намудани чиптаи ҳавопаймоӣ ҳатман расиди он (чек) талаб карда шавад ва дар сурати пешниҳод накардани расид чипта харидорӣ накунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий