Дашноми духтароне, ки ба лексуссаворҳо не гуфтанд: ҳабси муттаҳамон - аксу видео
Ҷавонони ҷипсавор дар маркази Душанбе духтаронеро, ки муошират бо онҳоро рад кардаанд, дашном доданд ва бо қарори суд пушти панҷара рафтанд
Маъмурини милиса муайян намудаанд, ҷавононе, ки духтарон аз онҳо шикоят доранд, Муҳаммадҷонов Валиҷон, сокини 28-солаи шаҳри Ваҳдат, ронандаи "Лексус", 1010JD01 ва ҳамроҳаш Ҷаҳонгир Бегови 28-сола сокини деҳаи Маданияти шаҳри Ваҳдат мебошанд.
Раёсати умури дохилии Душанбе аз ҳабси ду ҷавони лексуссаворе хабар дод, ки дар гаппартоӣ ва дашноми духтарон муттаҳам мешаванд.
Ба иттилои раёсати умури дохилӣ, ба идораи милиса ҷавондухтар муроҷиат карда, арз доштааст, ки "ҷавонони ҷипсавор" ӯ ва дугонаҳояшро дар кӯчаҳои марказии пойтахт дашномҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафашонро паст задаанд.
Маъмурини милиса муайян намудаанд, ҷавононе, ки духтарон аз онҳо шикоят доранд, Муҳаммадҷонов Валиҷон, сокини 28-солаи шаҳри Ваҳдат, ронандаи "Лексус", 1010JD01 ва ҳамроҳаш Ҷаҳонгир Бегови 28-сола сокини деҳаи Маданияти шаҳри Ваҳдат мебошанд.
Пулиси Душанбе афзуд, номбурдагон иқрор шудаанд, ки шоми 15-уми майи соли ҷорӣ ҳангоми дар хиёбони Рӯдакӣ назди Театри опера ва балет ба номи Устод С. Айнӣ ба ҷавондухтарон гаппартоӣ, онҳоро мавриди озори лафзӣ қарор додаанд, ки аз ин кирдорашон воқаен пушаймонанд.
Додгоҳ Муҳаммадҷонов Валиҷон ва Бегов Ҷаҳонгирро бар асоси моддаи 460 - майдаавбошӣ гунаҳкор дониста, ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ ба ҳабси маъмурӣ гирифтааст.
Назари бевоситаи муттаҳамон дар бораи иттиҳом ва қарори додгоҳ маълум нест.
Комментарии (0)