Амнистияи муҳоҷирон, афзоиши парвозҳо ва Рамазон: тафсилоти суҳбати Путину Раҳмон

Амнистияи муҳоҷирон, афзоиши парвозҳо ва Рамазон: тафсилоти суҳбати Путину Раҳмон
Котиботи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тафсилоти суҳбаташ бо ҳамтои рус, Владимир Путинро ироа намуд, ки аз афви муҳоҷирон то афзоиши парвозҳо миёни ду кишварро фаро гирифтаанд

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин масъалаи гузарондани афви муҳоҷирони тоҷикро дар Русия баррасӣ карданд.

"Ҷонибиҳо дар ояндаи наздик гузаронидани “амнистияи муҳоҷиратӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ибрози ақида намуданд", - иттилоъ дод котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки раисиҷумҳурҳои ду кишвар инчунин зиёд кардани парвозҳо миёни ду кишварро баррасӣ кардаанд.

"Масъалаҳои татбиқи лоиҳаи сохтмони 5 мактаб бо таҳсилоти забони русӣ дар Тоҷикистон, бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба донишгоҳҳои Федератсияи Россия, зиёд кардани теъдоди парвозҳо миёни ду кишвар баррасӣ гардиданд", - афзуд котиботи раисиҷумҳур.

Президентҳо дар мавриди афзоиши парвозҳо ба чӣ натиҷа расидаанд, феълан маълум нест. Дар ҳоли ҳозир ду парвози мунтазам дар як ҳафта анҷом дода мешавад, ки аз талабот ба маротиб кам аст.

Зиёд кардани ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва содироти маҳсулоти мевагию сабзавоти аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ба бозори Русия аз мавзӯҳои дигари гуфтушунид будааст.

Котиботи Эмомалӣ Раҳмон гуфт, роҳбарони Русия ва Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳо дар арсаи мубориза бо пандемияи коронавирус низ диққати махсус доданд

Қазияи Афғонистон ва ҷараёни рушди вазъият дар минтақа аз мавзӯъҳои меҳварии дигари суҳбати Путину Раҳмон будааст.

Президентҳои ду кишвар дар мавриди ҳамоҳанг сохтани иқдоми ду ҷониб дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва дар сатҳи муносиб баргузор намудани мулоқоти сарони кишварҳои узви СААД -у СҲШ -ро, ки соли равон Душанбе баргузор мешавад, ба мувофиқа расиданд.

Дар фарҷоми суҳбат Владимир Путин сокинони Тоҷикистонро бо моҳи мубораки Рамазон табрик гуфта, ба мардуми кишвар некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу кардаст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий