Мушкили муҳоҷирон ҳал мешавад? Ҳайати баландпояи Русия вориди Душанбе шуд
Дар Душанбе музокироти намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистону Русия барои баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи муҳоҷират баргузор гардид
Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати меҳнат ва шуғли аҳоли кишвар ҳайати кории Ҳукумати Русия таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко, бо мақсади баррасии масъалаҳои марбут ба самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки санаи 19 апрели соли равон таҳти раёсати муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ Анвар - роҳбари ҳайати Тоҷикистон ва муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко роҳбари ҳайати Русия ҷаласаи корӣ доир ба масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ баргузор гардид.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни баргузории кори ҷаласа ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкориҳои муштаракро мавриди муҳокима қарор дода, инчунин, масъалаи тақвияти ҳамкориҳо, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони онҳо, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати барасмиятдарории будубоши мувақаттии муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ кардаанд.
Ҳамзамон, дар ин дидор лоиҳаи як қатор нақшаҳои муштараки ҳамкориро, аз қабили лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон, лоиҳаи Созишнома дар бораи реадмиссия ва протокол дар бораи тартиби амалисозии он, лоиҳаи шартнома дар бораи таъминоти нафақавӣ матраҳ гардидааст.
“Ҷонибҳо қайд намуданд, ки танзими равандҳои муҳоҷират аз масъалаҳое мебошад, ки дар оянда низ мубрам боқӣ мемонад ва ҳамкориҳо дар ин самт тақвият дода мешаванд”, - зикр намудааст манбаъ.
Гуфта шудааст, ки дар рафти гуфтушунидҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи муҳоҷират муфассал муҳокима шуда, масъалаҳое, ки ҳалли фавриро тақозо мекунанд, баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин дар мулоқот доир ба лоиҳаҳои санадҳои ҳамкорӣ, ки дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд, мубодилаи афкор сурат гирифт.
Қайд карда шудааст, ки дар фарҷоми музокирот, ки дар фазои дӯстона ва созанда баргузор шуд, протокол ба имзо расид.
Комментарии (0)