Ноиби шаҳрдори Маскав аз нияти ифтитоҳи маркази муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт
Шаҳрдории Маскав аз ифттитоҳи марказҳои муҳоҷират дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон гуфт, ки ба ҷалби созмонёфтаи муҳоҷирон ба Русия машғул хоҳад шуд
Владимир Ефимов, муовини шаҳрдори Маскав дар бахши сиёсати иқтисодӣ ва масоили замину моликият, ба хабарнигорон дар бораи ифтитоҳи як маркази махсус дар Тоҷикистон гуфт.
Бо мақсади таъмини равобити мунтазам, маркази муҳоҷират аллакай дар Ӯзбекистон намояндагии худро боз кардааст, гуфт муовини раиси шаҳри Маскав. Вай афзуд, ки ҳамин дафтар дар Тоҷикистон низ фаъол хоҳад шуд.
Ин марказҳои муҳоҷират барои ҷалби коргарон бар асоси дархости корфармоён аз Русия фаъолият хоҳанд кард. Таъкид шудааст, ки марказҳои муҳоҷират барои ҷалб ва ворид шудани нерӯи корӣ ба Русия заруранд.
"Ин барои мо муҳим аст, зеро мо аллакай пешакӣ медонем, ки кӣ меояд. Аммо дар бораи пурра кушодани марзҳо суҳбат кардан ҳанӯз барвақт аст", - илова кард Ефимов.
Намояндаи мақомоти Маскав қайд кард, ки ин марказҳо пас аз бекор кардани маҳдудиятҳои марбути пандемия низ корро идома медиҳанд, зеро онҳо ояндадоранд ва имкон медиҳанд, ки мутахассисони пешакиро барои ихтисосҳои мавҷуда интихоб кунанд.
Мақомдори Маскав изҳор доштааст, дурнамои рушди кори марказҳои муҳоҷират рӯшан мебошад, чун имкон медиҳад, ки қаблан корбарон вобаста ба ихтисос ҷалб карда шаванд.
Комментарии (0)