Бадахшон дар як рӯз нақшаи даъват ба артишро иҷро кард
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Дадахшон дар рӯзи оғози даъват ба артиши миллӣ нақшаашро пурра иҷро кардааст
Ҷавононе, ки ба синни 18 расиданд ва нафароне, ки ҳуқуқи таъвиқ ё озодшавӣ аз хидмати сарбозиро надоранд, ба хидмат даъват мегарданд.
"ВМКБ нақшаи даъвати баҳории ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар як рӯз 100 фоиз иҷро намуд", - хабар медиҳд хадамоти матбуотии раиси вилоят.
Ногуфта намонад, ик даъвати имсолаи ҷавонон ба сафи артиш бо тартиби нав доир мешавад.
Тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ҳамакнун давоми моҳҳои апрел ва май ҷавонони солҳои таваллуди 1994-2003 ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд.
Дар Тоҷикистон қаблан қонуни нави ҳарбӣ ба тасвиб расид, ки навгонии асосии он хизмати пулакӣ мебошад
Агар қаблан донишҷӯёне, ки дар кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳо мехонданд, аз хизмати ҳарбӣ озод буданд, аммо тибқи тағйироти нав, ҳоло онҳо низ маҷбуранд, то як сол дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат кунанд.
Илова бар ин, Тоҷикистон ба мисли Қазоқистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон хизмати пулакиро ҷорӣ кард, аммо то кунун маблағи он дақиқ нест.
Комментарии (0)